12:01 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
351510

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни дастархонороӣ баргузор карда шавад

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Бо қарори раиси Душанбе ҳайати Комиссияи шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” тасдиқ шуд.

Шаҳрдор Сарраёсати молияи Душанберо муваззаф кардааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси пойтахт 13 ҳазору 290 сомониро барои озмун ҷудо кунад.

Таъкид шудааст, ки озмуни мазкур дар доираи Низомномаи тасдиқкардаи кумитаи дини Тоҷикистон баргузор мегардад.

Озмуни дастархоноро тайи солҳои охир бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар гузаронда мешавад. Ҳадафи озмун бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои масъулин ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона, зебо, хушоянд ва дилписанд оростани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ мегардад.

Соли гузашта дар озмуни мазкур ардид.дастархони оростаи сокинони ноҳияи Сино ҷои якум гирифта бо маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур бо 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сазовор дониста шуд.

Барчаспҳо:
дастархони идона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ