Тоҷикон таърихи худро дар Мисру Муғулистон хоҳанд ҷуст – шарҳи президенти Академияи улум

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон аз омодагии кишвараш барои эъзоми ду ҳайати олимон ба Мисру Муғулистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ пас аз боз шудани роҳҳо ба хориҷ ду ҳайати олимон ва мутахассисонро ба Мисру Муғулистон хоҳад фиристод. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ ба Sputnik Тоҷикистон тафсилот дод.
Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Тоҷикистон чанд академикро дар пандемия аз даст дод?
Вай афзуд, ин ҳайатҳо ба манзури омӯзиш ва таҳқиқи он манобеи таърихии дастнохӯрда дар ин ду кишвар эъзом мешаванд, ки ба таърихи халқи тоҷик иртибот доранд.
“Як гуруҳи таҳқиқотӣ барои сафар ба Мисрро Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшинос, корманди Пажӯҳишгоҳи Осиёву Аврупо, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зимма доранд. Тамоми омодагиҳо гирифта шудаанд. Ҳамин ки роҳҳо боз шаванд, ин гуруҳ ба Миср меравад”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Як гуруҳи дигар ҳам ба Муғулистон хоҳад рафт. Дар ин гуруҳ низ олимоне эъзом мешаванд, ки на фақат ҳуруфи арабиасос, балки забонҳои суғдиву бохтариро низ баладанд. Мо ин гуна нафаронро дорем. Он ҷо гап зиёд аст, афзуд вай.
Дар гузашта расонаҳо аз кашфи маъхазҳои таърихӣ дар Мисру Муғулистон хабар дода буданд, ки тахмин мерафт, ҳомили ҷузъиёти ҳанӯз дастнохӯрдаи таърихи халқи тоҷик мебошанд.
Бино ба пешгӯиҳо, кутуби таърихии зиёде дар замонҳои истилои арабу муғул ба он кишварҳо аз қаламравҳои тоҷикнишин бурда шуда, то ба ҳол дар бойгониҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, маълум нест, ки дар бойгониҳои Муғулистон чӣ китобу маъхазҳо мавҷуданд.
“Мо он ҷо сафорат надорем, аммо банда бо вазири маорифи он кишвар ошноии хуб дорам, чун замоне ҳамкор ҳам будем. Ба болои ин, мо бо Академияи улуми Муғулистон созишномаи ҳамкорӣ дорем. Ягон мушкили хос нест. Аммо мо намедонем, ки он ҷо чӣ ҳаст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Созишномаи аввалин миёни президентҳои Тоҷикистону Муғулистон дар бораи дастрасии олимону таърихнигорони ду кишвар ба бойгониҳои ҳамдигар моҳи сентябри соли 2014 ба имзо расида буд.
Бино ба ин созишнома, дар ин бойгониҳо маъхазҳои ҳанӯз дастнохӯрда ва омӯхтанашудаи таърихи асрҳои миёна хеле зиёданд.
Лентаи хабарҳо
0