10:22 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
626 0 0

Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Дар ин бора сафҳаи фейсбукии taj_actyor хабар додааст.
“Имрӯз аз сафи ҳунармандони тоҷик боз як ҳунарманди маъруфи тоҷик Носир Ҳасанов моро тарк гуфтанд”,- навиштааст манбаъ.

Парвиз Бобошарипов, ҷияни ҳунарманди шинохта низ навиштааст: "Имрӯз яке аз шахсони ба Ман наздик тағои азизам актёри советии Тоҷик актёри театр ва кино артисти халқии Тоҷикистон аз дунё чашм пӯшида, Носир Ҳасанов Абдуллоевич моро тарк карданд, дар ҳаққи эшон дуогӯ бошед".

Тибқи иттилои гирдовардаи сомонаи Китобхонаи миллии кишвар, Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1955 ба Институти кишоварзӣ ба ҳайси механизатор дохил шуд.

Ӯ тасодуфан ҳунарманд шуд - ҳангоми сайругашт бо дӯстонаш дар маркази шаҳр, аз назди Вазорати фарҳанг гузашта, Носир эълони дари вазоратро мушоҳида кард. Дар он оид ба қабули довталабон ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро буд ва ҳамин эълон роҳи ӯро дар зиндагӣ иваз кард.

Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1974, Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1990, Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро хатм кардааст.

Аз соли 1961 Носир Ҳасанов ҳаёти худро ба театр ва кино бахшид.

Аввал актёри театри мазҳакаи мусиқӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ 1960-1961 ва аз соли 1961 актёри Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ.

Носир Ҳасанов зиёда аз 50 нақшҳои асосан лирикию драмавии аз қабили Образҳои Маҳмад ("Нурхон"-и К. Яшин, 1961), Раҳмат ("Ҳукми модар", 1963) ва Хуршед ("Ҳаёт ва ишқ"-и Ф. Ансорӣ, 1964), Карим ("Хуррият" 1964) ва Масхарабоз ("Рустам ва Сӯҳроб"-и Ғ. Абдулло, 1967), Бобо Шодӣ ("Дилҳои сӯзон"-и Ҷ. Икромӣ, 1967)-ро бозидааст.

Ҳамзамон  Саша дар ("Корвони бахт"-и М. Миршакар, 1970), Файзулло Хӯҷаев ("Сарбозони Инқилоб"-и Ғ. Абдулло, 1970), Оқйигит ("Шаби гирифтаи моҳ"-и М. Карим, 1972), Шокирхон ("Зебуннисо"-и Ш. Қиёмов ва Ш. Мастон, 1977), Освалд ("Шоҳ Лир"-и У. Шекспир, 1982), Муллоазим ("Вопасин арӯси амиралмуъминин-и" Ф. Муҳаммадиев, 1983), Толибов ("Дар чорсӯ"-и Н. Табаров, 1984), Загареский ("Додаз дасти ақл"-и Н. Грибоедов, 1988) ва ғайра аз қобили беҳтари нақшҳоянд.

Носир Ҳасанов дар инкишофи санъати кинои тоҷик низ ҳиссагузорӣ карда, нақшҳои Сафархӯҷа ("Бачаҳои Помир", 1967), Қарошир ("Ниссо", 1966), Носир ("Ҳасани аробакаш", 1966), Дадаҷон ("Ҷӯра - саркор", 1970), Мудири анбор ("Асрори оила"), 1984)-ро хеле ҷозибанок офаридааст. Аз соли 1963 узви Итиҳодияи киноматографияи Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (1968) мебошад.

Ёдовар мешавем, қаблан Аҳмадшо Улфатшоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон низ даргузашта буд.

Мавзӯъҳои асосӣ