23:21 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
475 0 0

Масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар умури танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, бо гузашти бештар аз шаш моҳ мардум ба баргузории тӯйҳои то 40 - нафарӣ одат кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Суҳроб Рустамзода, сардори бахш оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати Суғд, мегӯяд, мардум ба баргузории тӯйҳои танзимшудаи то 40-нафарӣ одат намудаанд.

Ин масъули ҳукумати Суғд гуфт, ҳангоми суҳбат аксари онҳое, ки ба баргузории маросим омодагӣ доранд, меъёри муқарраршударо мувофиқ мешуморанд.

“Аксарият ба мо изҳор мекунанд, ки даъват намудани 40-50 нафар барои баргузории тӯй кифоя аст”, -  гуфт Рустамзода.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон тӯйҳои бодабдаба расм шуда буданд, аммо баъдан мақомот қонунан теъдоди меҳмонон дар тӯйро то 150 нафар маҳдуд карданд. Дар замони пандемия шумораи меҳмонон то 40 нафар маҳдуд шуд.

Ҳудуди ҳашт моҳ қабл, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID -19 ба далели шиддат гирифтани хуруҷи пандемия баргузории тӯйҳои арӯсию домодиро дар кишвар манъ карда буд. Сипас шурӯъ аз моҳи июн бо дарназардошти зарурати масъала ба шарти муқаррароти нав ба баргузории тӯйҳо дар кишвар иҷоза дода шуд.

 Даъват намудани то 40 нафар ва риояи тадбирҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокдорон ва риояи масофаи иҷтимоӣ аз ҷумлаи шартҳои баргузории тӯйҳо буданд.

Ба иттилоъи шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати Суғд, соли 2020 дар умум 17 ҳазору 369 тӯйи арӯсию домодӣ баргузор шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли қаблӣ 7 ҳазору 62 ҳолат кам будааст.

“Бо назардошти пешгирӣ аз каронавирус бисёриҳо аз баргузор намудани туйю маъракаҳо худдорӣ намуданд”, - зикр кард Рустамзода.

Ин масъули ҳукумат ҳамчунин гуфт, ки дар ин давра ҳолатҳои қонуншиканӣ ҳам дар вақти баргузории маъракаҳо коҳиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи ӯ, соли гузашта 151 ҳолати қонуншиканӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба як соли қаблӣ 22 маврид камтар мебошад.

Аксарият барои риоя накардани моддаҳои қонуни танзим ва бархеи дигар вобаста ба риоя накардани талаботи замони пандемия дар вақти баргузории маросим ҷарима шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон сар аз моҳи июли соли 2020 дар пайи авҷгирии хуруҷи каронавирус ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот варид намуда, расман барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи ҷамъиятӣ ҷарима таъин намуд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди ду моҳ ба ин тараф дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ба иттилоъи ин ниҳод, дар умум дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 13 ҳазаору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.

Барчаспҳо:
танзим, Ҳукумат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ