Ғарқшавии Гулбаҳор: чаро ӯ ва Сулаймонро Муқимҷон ба об тела дод? - видео

© Фото : Аккаунт Facebook / Муким АбдуфаттоевМуким Абдуфаттоев директор театр Пушкин в городе Бустон
Муким Абдуфаттоев директор театр Пушкин в городе Бустон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Обуна шудан
Гулбаҳор Ғаффрова, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик се маротиба аз марг наҷот ёфт. Ӯ, ки ҳунари шиновариро надорад, боре аз ҷониби ҳамкоронаш ба об тела дода шуд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Гулбаҳор Ғаффорова ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, собиқ узви дастаи "Хандинкамон" дар бораи ҳодисаи ғарқшавиаш нақл кард. Ӯ афзуд, ки ҳамкоронаш боиси ба об рафтанаш шуданд, ҳарчанд дар пайи як шӯхӣ ин ҳодиса рух дод.
Хонум Ғаффорова дар сӯҳбат бо рӯзноманигор Орзу Исоев дар барномаи "Ногуфтаҳо" се ҳодисаеро, ки бо вай рух доду қариб бо марг меанҷомид, тавзеҳ дод.
Гулбаҳор мегӯяд, ҳодиса дар шаҳри Қайроққум, ҳозира Гулистон, дар соҳили "Баҳри тоҷик", вақте як барномаро сабт мекарданд, рух дод.
"Аз рӯи сенария ману Сулаймон бояд дар дохили об истода, бозӣ мекардем. Дар ҳамин ҷо ман ба Сулаймон гуфтам, ки чуқур намеравем, зеро ӯ ҳам оббозӣ карда наметавонист", - нақл мекунад Гулбаҳор.
Дар ҳамин ҳол, - меафзояд хонуми ҳаҷвнигор, дигар ҳайъати гурӯҳ, Муқимҷону Анисҷон аз пасамон пайдо шуданду шӯхикунон моро давониданд ва тела доданд.
"Мо ҳарду аз ҷой хеста натавонистем. Об ба даҳонам мерафт, дасту почаҳоям меларзиданд. Ман гуфтам ҳозир мемирам", - идома медиҳад вай.
Ба гуфтаи Гулбаҳор, ӯро ҳамкасбонаш, ки боиси ғарқ шуданаш гаштанд, наҷот доданд.
Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео
"Ман дигар ба об муқовимат нишон дода наметавонистам. Худро партофтам. Дар ҳамин ҳол касе маро кашола карда, аз об бардошт, дидам, ки Муқимҷон будааст",  - мегӯяд хонуми ҳаҷвнигор.
Ӯ таъкид мекунад, ки сатҳи об баланд набуд, танҳо то камар мерасид.
Лентаи хабарҳо
0