Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Суруди Манижа Russian Woman ба сегонаи маъруфтарин дар Евровидение роҳ ёфт

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Намоҳанги овозхон ба таронаи Russian Woman дар канали Евровидение - 2021 беш аз як миллион маротиба бозбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Намоҳанги овозхон Манижа Сангин барои суруди Russian Woman ба сегонаи видеоҳои пуртамошобинтарин дар шабакаи Eurovision Song Contest 2021 дар YouTube шомил шуд.
Танҳо давоми рӯзи гузашта, видео дар канали Eurovision - 2021 беш аз миллион маротиба тамошо шудааст.
Ба ҷои видеои анъанавӣ, ба мухлисони озмун ҳунарнамоии Манижа дар доираи интихоби миллӣ тақдим карда шуд.
Дар оғози видео Манижа дар тан палто дорад ва сарашро бо рӯймоли кабуд бастааст.
Каме баъдтар, сароянда палторо мекашад ва дар либоси сурх намудор мешавад, ки дар пушти он навиштаҷоти Russian Woman - номи суруди ӯ буд.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео
Ҳунарнамоии ӯ ҳайратангез ва ғайриоддӣ гашт ва тамошобинонро ба тарафдорон ва онҳое, ки дар шок монданд, ҷудо кард.
Пешсафи шумораи назарҳо дар Eurovision - 2021 Сербия буд, ки онро гурӯҳи Hurricane муаррифӣ мекунад. Дар тӯли панҷ рӯз, видеои суруди LOCO LOCO-ро 2,6 миллион тамошо кардааст.
Дар ҷои дуюм видеои суруди Tick-Tock аз овозхони хорватӣ Албина Грчич (1,8 миллион)  ва зинаи чорумро намоянди хорватӣ гирифт.
Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорад
Клипи мусиқии таронаи Fallen Angel аз ҷониби навозандаи TIX тақрибан 930 ҳазор ҷамъоварӣ кардааст. Ба 5 беҳтарин видеои овозхони олмонӣ Ҷендрик Сигварт "I Don't Feel Hate" беш аз 850 ҳазор бозбинӣ шудааст.
Бибии овозхон Манижа гуфт, ки чӣ гуна сароянда ба муваффақият расид
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Eurovision - 2021 шоми 22 май баргузор мешавад. Sputnik Тоҷикистон озмуни асосии мусиқии солро мустақиман пахш хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0