Рустами Эмомалӣ барои ҳамоиши наврӯзӣ қариб ним миллион сомонӣ ҷудо кард

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевУстановка символа Навруз суманак на площади Дусти
Установка символа Навруз суманак на площади Дусти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт ҳамоиши байналмилалии наврӯзӣ баргузор карда шавад
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Бар асоси қарор, Форуми II байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” рӯзи 22 март баргузор мешавад.
Суманак на площади Сомони в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Наврӯз - 2021 дар Душанбе бо суманаки баландтарин ва дастархони бузург таҷлил мешавад
Таъкид шудааст, ки ин чорабинӣ дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” баргузор мегардад.
“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  427 ҳазору 640 сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд”, - омадааст дар қарор.
Рустами Эмомалӣ расонаҳои давлатии пойтахтро муваззаф кардааст, ки рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
Шаҳрдори Душанбе ҳадафи ин иқдомро ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар арзёбӣ кардааст.
Ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ аз ҳадафҳои дигари ин қарор гуфта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0