Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа сирри пироҳанаш барои Евровидениеро ифшо кард: он аз тамоми Русия гулчин шудааст

© 1tvКадр из интервью Манижи первому каналу
Кадр из интервью Манижи первому каналу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Манижа нақл кард, ки чӣ гуна дар мавҷи танқиди атрофиён, ӯ омодагии худро ба Евровидение - 2021 идома медиҳад ва пироҳанашро ҳамаҷониба андеша мекунад
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Овозхон Манижа, ки Русияро дар Евровидение 2021 муаррифӣ мекунад, дар мусоҳиба бо Шабакаи аввал гуфт, ки костюм барои ҳунарнамоии ӯ аллакай омода мешавад.
Певица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
"Бо парчами мо баромад накунад"! интиқоди тунди вакили рус аз Манижа
Раванди офаридани образро модари духтар Наҷиба Усмонова комилан ба ӯҳда гирифтааст. Ногуфта намонад, ки модар ҳамеша духтарашро бо либосҳои дастӣ, яъне hand made мепӯшонад.
Маълум шуд, пироҳане, Манижа дар саҳнаи Роттердам ба бар мекунад, рамзӣ хоҳад шуд. Пироҳан аз қисмҳои алоҳида дӯхта мешавад, ки ҳар як қисми он гӯшае аз Русияро дар бар мегирад.
"Зани тоҷикро гӯш кунед": дастгирии "ВКонтакте" аз Манижа Сангин
Модари Манижа гуфт, ки либос аз даҳҳо пораи матоъ аз тамоми гӯшаву канори кишвар омода карда мешавад.
"Мо ҳоло ин ҳамаи ин пораҳоро пайваст карда истодаем. Аз Қафқоз ба мо аллакай матоъ фиристоданд. Дастрас кардани матоъ аз ҳама мушкил аз Ханти-Мансийск аз мардуми шимол аст. Ҳамааш ба либоси сароянда дӯхта хоҳанд шуд", - гуфт Наҷиба Усмонова.
Бо вуҷуди ин, либос тасвири дастаҷамъонаи як зани русро ба мисли худи суруд пурра инъикос хоҳад кард.
Ногуфта намонад, ки дар рӯнамоии суруди Рашн Вуман Манижа Сангин пироҳани гулдӯзишудаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имроноваро истифода кардааст.
Лентаи хабарҳо
0