06:06 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
 наркотики. Архивное фото

АНМН: ҳудуди 2,5 тонна маводи нашъадор мусодира гардид

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Тайи ҳафт моҳи амалиёти махсуси мақомот таҳти унвони “Кӯкнор-2014” дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз ду тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла бештар аз 200 килограмм героин гирифта шуд.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2014» гузаронида шуд, менависад сомонаи расмии АНМН.

Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути марзи давлатӣ, дар роҳҳои автомобилгард 217 дидбонгоҳҳои мувақатӣ ва сайёр гузошта шудаанд.

"Ҳангоми гузаронидани амалиёт 193 ҳодисаи парвариши  растаниҳои нашъаовари худрӯй ба миқдори 1 млн 110 ҳазору 971 бех дар майдони 3,7 гектар ошкор карда шуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд",-  иттилоъ медиҳад АНМН.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи амалиёти «Кӯкнор-2014» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 462 килою 637 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ҷумла 234 килою 793 грамми онро героин, 428 килою 797 грамми онро афюн ва 1 тоннаву 799 килою 047 граммро маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона ташкил медиҳад.

Ба иттилои АНМН, шаби 14 ба 15 декабри соли равон дар асоси хабари оперативӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

"Як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир намудан, онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд, ки дар натиҷа як нафар қочоқчии афғон боздошт шуд. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд. Дар ҷои ҳодиса ду халта бо маводи нашъаовар ошкор гардид.Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда ҳашиш буда, вазни он зиёда аз 23 килограммро ташкил менамояд",-омадааст дар хабари расмии сарчашма.

Барчаспҳо:
гирифта шуд, мусодира, Кӯкнор-2014, мақомот, АНМН, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ