Шойгу мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба пайомади бадтарин омода бошад

© Sputnik / Игорь РуссакМаросими барафрохтани парчам дар киштии зериобии "Новороссийск"
Маросими барафрохтани парчам дар киштии зериобии Новороссийск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, таваҷҷӯҳи асосӣ бояд ба омодагӣ ва баландбардории имконоти ҳарбии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон равона гардад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба бадтарин пайомад омода бошад, омадааст дар хабари РИА Новости.

"Дар пешорӯи ихроҷи неруҳои байналмилалии эътилофӣ аз Афғонистон Қувваҳои мусаллаҳи мо бояд ба ҳама гуна тағйирёбии авзоъ, аз ҷумла пайомади бадтарин низ омода бошанд",-иброз дошт Шойгу аснои сӯҳбат бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.
Ба қавли вазири мудофиаи ФР, Русия ва Тоҷикистон бояд ба раванди бадтарини ҳаводис баъди хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон омода бошанд.

"Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар умури низомӣ-техникӣ омили муҳими таъмини амнияти минтақа мебошад ва аз ҳамкории мо суботи кишварҳои мо, минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон вобаста аст",- афзуд Шойгу.

Бо зикри ин Шойгу таъкид намудааст, ки бояд малакаю имконоти ҷангии низомиёни тоҷик ва пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон такмил дода шавад. Вазири мудофеаи Русия изҳор доштааст, ки дар заминаи пойгоҳи 201-ум сар аз соли 2015 дар назар аст, ки барои қӯшунҳои Тоҷикистон ҳудуди 1000 мутахассис ҳамасола мавриди бозомӯзӣ қарор дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0