СПАД фаъолшавии "Давлати Исломӣ"-ро бе посух нахоҳад гузошт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин, президенти ФР. Акс аз бойгонӣ
Владимир Путин, президенти ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин ҳушдор дод, ки гурӯҳи «Давлати Исломӣ» мехоҳад, фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад, аз ин рӯ ба қавли вай, “ СПАД бояд ба чунин вазъият омода бошад ва аз чораҳои пешгирикунанда кор гирад”.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар оғози нишасти сарони кишварҳои узви СПАД раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳушдор дод, ки гурӯҳи «Давлати Исломӣ» мехоҳад, фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад, менависад оҷонсии РИА Новости.

"Дар ин ҳолат таъмини амният дар минтақа ба талошҳои муштарак ва ҳамоҳанги ҳамаи кишварҳои узви СПАД  дар мубориза бо терроризм, тиҷорати маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, пешгирӣ аз фалокатҳои табиӣ ва техникӣ ниёз дорад. Чунин имконият ва тавонмандиҳоро  созмон дорад ва он бояд худро  ҳамчун "як сохтори обрӯманд ва тавоно" нишон диҳад. Дар чунин шароит бояд ба марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода шавад ва ба Тоҷикистон бо мақсади тақвияти нерӯҳои мусаллаҳаш ёрии молӣ ва модӣ расонда шавад",-гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои СПАД.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД изҳори умедворӣ кард, ки ин ниҳод қарори худро дар масъалаи кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба пуррагӣ иҷро хоҳад кард.   

"Тоҷикистон рӯйи ин ҳисоб мекунад, ки дар соли оянда қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бобати кӯмак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба таври комил ба иҷро хоҳад расид. Зарурати ҳаётии ин кор дар пасманзари вазъе, ки дар кишварҳои ҳамсоя ба вуҷуд омадааст, рӯшан аст",-афзуд президенти ҶТ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав пас аз натиҷагирии кори солонаи ин созмон раёсати даврии он ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шуд.

Имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар ҷаласаи СПАД

Дар чанд маҳфил вазирони умури хориҷӣ, вазирони дифоъ ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узв роҳҳои тақвияти СПАД, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ,таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва кӯмак ба марзбонони тоҷик, ҳамкориҳои дигари ҳарбию техникӣ дар миёни кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ карданд. Инчунин дар нишасти вазирон стратегияи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир барои солҳои 2015-2020 таҳия шуд. 

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ — як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомил мебошанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 бо узвияти ҳамин ҷумҳуриҳо ва инчунин се ҷумҳурии дигар — -Ӯзбакистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ташкил шудааст. Вале бо анҷоми мӯҳлати амали ин паймон ва таҳрири номи он ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Тошканду Бокуву Тифлис нахостанд ҳузури худро дар ҳайати ин созмон тамдид кунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0