21:07 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото

Президенти Афғонистон ҷонибдори тамдиди ҳузури неруҳои НАТО аст

© Flickr / Dfid
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Роҳбарияти ҳукумати Афғонистон мехоҳад бо сабаби хатароти амниятии пешорӯ замони буду боши неруҳои хориҷиро дар кишвар дароз кунад.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон мегӯяд, замони хурӯҷи неруҳои низомии НАТО-ро аз кишвар бозбинӣ кардан зарур аст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Мӯҳлати муайяншуда догма (шахшуда) набояд бошад…  Агар ҷонибҳо барои суботи минтақа сайъу кӯшиши зиёд ба харҷ дода бошанд ва дастоварде дошта бошанд, пас бояд мӯҳлати хурӯҷи неруҳо низ бознигарӣ шавад",- иброз доштааст Ғанӣ аснои мусоҳибааш дар шабакаи телевизионии CBS.

"Обама, райисҷумҳури ИМА маро мешиносад…  Мо ба якдигар…  набояд бигӯем",- афзуд Ғанӣ вақте аз ӯ дар бораи огаҳӣ доштани президенти Амрико дар ин бора суол карданд.

Ба қавли райисҷумҳури Афғонистон, дар ҳоли ҳозир хатароти зиёде пешорӯи Афғонистон ва минтақа вуҷуд дорад, монанди "Толибон" ва дигар қувваҳо,  аз ҷумла ҷангиёни "Давлати исломӣ".

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва ИМА рӯзи якшанбеи 28 декабри соли 2014 ба маъмурияти ҷангии 13 солаи худ дар Афғонистон поён доданд. Ба ин тартиб, маъмурияти ҷангии нерӯҳои байналмилалии амниятӣ бо раҳбарии Амрико (мулаққаб ба ISAF) дар Афғонистон ба маъмурияти "омӯзишӣ ва пуштибонӣ"-и НАТО дар ин кишвар табдил мешавад.Бо вуҷуди поёни маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон, ҳамчунин 12 ҳазору 500 сарбоз дар ин кишвар боқӣ мемонад ва ба тамрину машварати нерӯҳои ҳукуматӣ машғул мешаванд, ки бештари онҳо низомиёни амрикоӣ хоҳанд буд.

 

 

Барчаспҳо:
тамдиди ҳузури неруҳо, хурӯҷ, ихроҷ, неруҳои ИМА, НАТО, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ