14:54 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Человек в маске

Аҳмади Иброҳим: ҷангии “Давлати исломӣ” ба ман таҳдид кард

© Flickr / Robert Montgomery
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2001

Як хабарнигор аз Кӯлоб мегӯяд, аз ҷангии тоҷики зодаи ин минтақа, ки дар амалиётҳои низомии Сурия ширкат дорад, занги таҳдидомез дарёфт кардааст. Ӯ таҳдид кардааст, ки агар сиёсати редаксия идома ёбад, даст ба дигар амал хоҳад зад.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк" гуфт, 6-уми январ аз "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" занги телефонӣ гирифтааст, ки хабарнигоронеро, ки "муҷоҳидон"-ро сиёҳ мекунанд, ҷазо хоҳад дод, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

"Вақте ман гӯширо бардоштам, нафаре гуфт, ӯ Махсуми Нусрат, сокини Кӯлоб аст, ки ҳоло дар Сурия исми худро ба Абӯ Холиди Кӯлобӣ ё Фурқон Фаластин иваз кардааст",-иброз доштааст муҳаррир.

Оқои Иброҳим мегӯяд, ин нафари бо ном "ҷиҳодӣ" шахсияти ӯро намедонист ва танҳо бо ӯ ҳамчун рӯзноманигоре сӯҳбат мекард, ки корманди ҳафтавори "Пайк" ва "зодаи Кӯлоб асту  ҳамеша дар газета ва интернет муҷоҳидонро сиёҳ мекунад". Нусрат Назаров (Абӯ Холиди Кӯлобӣ) аз матлабҳое, ки дар мавриди "муҷоҳидон" навишта шуда буданд, шадидан нигарон буд ва ваъда дод, ки ҳатман ба рӯзноманигорон "гонорар"-и ин навиштаҳояшонро "пардохт" хоҳад кард.

"Ӯ гуфт, ки аз навиштани суханҳои бад нисбат ба муҷоҳидон даст кашед. Сухани аввалаш ҳам ин буд, ки чаро акси ӯро нашр кардаем? Ӯ гуфт, ки агар навиштани чунин матлабҳоро давом диҳед, дар Тоҷикистон одам дорад ва супориш медиҳад, то нависандаи чунин мақолаҳоро қатл кунанд",- афзудааст Аҳмади Иброҳим.

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад, якуним соли пеш аз тариқи Русия  ва Туркия вориди Сурия шудааст.  Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ таълими хоси диниву дунявӣ надорад.

Зоҳиран Нусрат Назаров ҳоло дар Сурия гурӯҳи тоҷиконеро раҳбарӣ мекунад, ки алайҳӣ режими Башор Асад ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои таҳти фармони "Давлати исломӣ" меҷанганд. 

Хайрулло Назаров, бародари Нусрат Назаров, ки ҳоло дар Кӯлоб ба мусофиркашонӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст тавони бародараш барои "интиқом" гирифтан аз хабарнигоронро ночиз аст ва таҳдидҳои ӯро ҷиддӣ нагиранд.  

"Ба ягон воҳимааш бовар накунед. Дар Тоҷикистон ягон одам надорад. Одамаш, бародараш ман ҳастам, ки аз рангаш безорам. Ман 20 сол шуд, таксӣ мезанам. Намозамро мехонам ва касе ба ман кор надорад. Ҳоло кӯдаконашро ман хӯронида пӯшонида истодаам. Ҳама ба ҳоли додари ман механдад, ки наход, се кӯдаки нозанинро гурусна партофта, биравад. Одами ҳушёр чунин рафтор намекунад",- изҳор доштааст Назаров.

"Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аст, ки бештар матолиби интиқодӣ нашр мекунад. Бозтоби мавзӯи ҷанги Сурияву  Ироқ ва бераҳмиҳои созмони тундрави "давлати исломӣ" дар саҳифаҳои ин нашрия боиси пайёми таҳдиди гирифтани ин рӯзноманигор шудааст.  

Мавзуъ

Прокурори Суғд: 35 кас барои ширкат дар ҷангҳои Сурия гумонбаранд
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд
Барчаспҳо:
даст ба дигар амал хоҳад зад, ба ягон воҳимааш бовар накунед, таҳдид, ҷангии Давлати исломӣ, Давлати исломӣ, Хайрулло Назаров, Нусрат Назаров, Абӯ Холиди Кӯлобӣ, Аҳмади Иброҳим, Ироқ, Сурия, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ