07:50 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Здание МВД РТ, архивное фото

Пешниҳоди вазир ба ашхоси бонуфуз барои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор бо ҷалби шахсони обрӯманд ва аҳли ҷамоатчигӣ самаранок ба роҳ мондани корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳо ва вохӯриҳои судманд бо ноболиғону ҷавонон таҳким бахшида шавад.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҷалби ашхоси обрӯманди Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо мақомот метавонад аз содиршавии ҷиноёт бо иштироки ҷавонону наврасон ҷилавгирӣ намояд, меафзояд Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири умури дохилаи кишвар. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД-и ҶТ хабар медиҳад.

Вазири корҳои дохилӣ зимни баромадаш дар мулоқот бо ҳайати шахсии шӯъбаҳои вазорати корҳои дохила дар навоҳии тобеи марказ гуфт, мақсади доир намудани вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ сӯҳбати озод, мубодилаи афкор ва аз шунидани фикру андешаҳо иборат мебошад.

Раҳимзода аз дастовардҳо ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, конференсияҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки аз ҷониби роҳбари давлат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, танҳо дар давоми соли 2014 шаш маротиба вохӯриҳо гузаронида ба фаъолияти мақомот баҳои баланд дода шуд.

"Дар навбати худ ҳар яки мо бояд фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, сазовори боварии роҳбари давлат бошем. Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо кӯмаку дастгириҳои президент ба ҷузъу томҳои ВКД нақлиётҳои хизматӣ, хонаҳои истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ ва роҳхатҳо барои фароғату истироҳати кормандону собиқадорон ба осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо муҳайё карда шуд",-афзуд вазир.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шавад. Вазири корҳои дохилӣ иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таъкид намуда, қайд кард, ки ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор бо ҷалби шахсони обрӯманд ва аҳли ҷамоатчигӣ самаранок ба роҳ мондани корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳо ва вохӯриҳои судманд бо ноболиғону ҷавонон таҳким бахшида шавад.

Барчаспҳо:
пешниҳоди вазир, ВКД-и ҶТ, Рамазон Ҳамро Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ