11:02 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Боздошти қочоқчӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Кӯлоб қочоқчии афғон бо ҳамтояш боздошт шуданд

© Sputnik / Андрей Стенин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Маъмурони Ожонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир сокини 43-солаи Кобул ва ҳамтои тоҷики ӯро бо миқдори бузурги ҳашиш боздошт карданд.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Шаби 21 ба 22-уми январ ҳудуди даҳ килограмм ҳашиш зимни бозҷӯйии аз шаҳрванди Афғонистон, ки барои фурӯши он ба шаҳри Кӯлоб омада буд, мусодира шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии Оҷонси мубориза бо маводди мухаддир.

Маъмурон аз қабл дар бораи ин ҷиноят огоҳӣ доштанд ва масири ҳаракати қочоқчиро назорат мекарданд.

"Дар марҳилаи ниҳоӣ дар яке аз манозили хусусӣ дар шаҳри Кӯлоб (200 км ҷанубу шарқи Душанбе) шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт шуд ва аз ӯ як халтаи маснуъӣ бо маводди бӯи махсус дошта забт шуд. Таҳқиқи судӣ собит кард, ки ин маводд ҳашиш буда вазнаш ҳудуди 10 килограмм аст", — омадааст дар хабар.

Қочоқчии афғон ба Кӯлоб баъд аз тавофуқ бо яке аз сокинони маҳаллӣ барои кӯмак дар фурӯши ин маводд омадааст.

"Маъмурон нафари дуввуми муттаҳам дар ин ҷиноятро ошкор ва боздошт карданд. Ин сокини 30 солаи маҳаллӣ қаблан барои дуздӣ ду маротиба зиндонӣ шуда буд ва аз киссаҳои вай низ маводди мухаддир ошкор ва забт шуд", — зикр мекунад Оҷонсӣ.

Аз рӯйи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, боздоштшудагон ба боздоштгоҳи муввақатӣ мунтақил шудаанд.

Миқдори маводди мухаддир забтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоъиса бо соли 2013 6,8% коҳиш ёфтааст. Соли гузашта аз қочоқчиён 6213 килограмм маводди мухаддир забт шудааст.

Мавзуъ

Дар Хоруғ шаҳрванди Афғонистон бо 50 килограмм ҳашиш боздошт шуд
Мусодираи 12 кило нашъа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Сабти рекордии тавлиди кӯкнор дар Афғонистон
Барчаспҳо:
боздошти қочоқчӣ, Ожонси мубориза бо маводди мухаддир, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ