Низомиёни тоҷику рус масоили муқобала бо терроризмро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАнатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия. Акс аз бойгонӣ
Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ниҳодҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия мавзӯи ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии террористиро пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилалии низомӣ аз Афғонистон муҳокима хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротгаро аз қаламрави Афғонистон масоили меҳварии нишасти имрӯзаи намояндагони вазороти дифои ҶТ ва ФР дар Душанбе хоҳад буд, менависад сомонаи ВМ Русия.

Ҳайати низомиёни баландмақоми Русия таҳти сарварии Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиа рӯзи гузаштаи 26-уми январ ба Душанбе омаданд.

"Аснои нишаст масоили марбут ба муборизаи муштарак алайҳи амалиёти террористӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро, ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои низомии эътилофӣ баррасӣ хоҳад шуд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамчунин, ҳайати низомиёни Русия мавзӯи омода кардани мутахассисони ҳарбӣ барои Тоҷикистон, тамриноти муштараки ҷузву томҳои ҳар ду кишварро ҳаллу фасл мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0