13:19 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Муовини нахуствазири Русия  Дмитрий Рогозин. Акс аз бойгонӣ

Рогозин: таҳримот алайҳи саноати мудофиавии Русия рақобати носолим аст

© Sputnik / Сергей Мамонтов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Таҳлили таҳримоти ИМА алайҳи корхонаҳои саноъатии дифоъии Русия нишон медиҳад, ки ин таҳримҳо алайҳи корхонаҳое роҳандозӣ шуданд, ки кайфияти тавлидоташон аз тавлидоти мушобеҳи амрикоӣ хубтар аст.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Кохи сафед алайҳи корхонаҳои тавлидоти дифоъии Русия таҳримоти ҷадидро ба манзури "ҳасуди оддӣ ва тарсу ҳарос" роҳандозӣ мекунанд, гуфтааст муовини нахуствазир Дмитрий Рогозин, менависад РИА Новости.

"Таҳлили иқдомоти ИМА дар робита ба таҳримот алайҳи корхонаҳои саноъатии дифоъии Русия нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳои риқъатовар алайҳи он корхонаҳои мо роҳандозӣ мешаванд, ки кайфияти тавлидоти онҳо аз тавлидоти мушобеҳи амрико баландтар ва ё ҳадди ақал кам нест", — навиштааст вай дар сафҳаи худ Twitter.

Муовини нахуствазир шарҳ надодааст, ки сухан дар бораи кадоме аз таҳримҳо меравад.

Рӯзи панҷшанбеи 29 январ баъд аз поёни дидори вузарои хориҷии кишварҳои узви ИА вазири хориҷаи Олмон Франк Вальтер-Штайнмайер изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад таҳримот алайҳи Русияро тақвият бидиҳад.

Мавзуъ

ИА таҳримот алайҳи Русия ва ҷудоихоҳон дар Донбассро тамдид кард
Барчаспҳо:
таҳримоти Ғарб алайҳи Русия, ҳукумати Русия, ИА, Дмитрий Рогозин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ