Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамроҳонашро дар Қӯрғонтеппа меҷӯянд

© wikimedia.org/VargaAҚӯрғонтеппа. Акс аз бойгонӣ
Қӯрғонтеппа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аксҳои сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдорони ӯ насб шуда, аз мардум дархост шудааст, ки агар онҳоро бинанд, ба мақомот хабар бидиҳанд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Пайдо шудани акси сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худобердиев ва ҷонибдорони ӯ дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа, раҳгузарҳоро нигарон карда, андешаеро ба бор овардааст, ки эҳтимол пулис дар робита ба ин гуруҳ хабари тозае пайдо кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Бо нашри акси ҷангиёни фирорӣ пулис ҳамчунин аз мардум даъват кардааст, ки агар ин одамонро дидаанд ва ё мешиносанд, оҷилан ба мақомот хабар диҳанд.

Акси Маҳмуд Худойбердиев ва даҳҳо ҷонибдори ӯ, ки баъди ду исёни мусаллаҳона дар миёнаи солҳои 90-ум ва талоши ҳамлаи нокомаш ба вилояти Суғд дар соли 1998 аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон фирор кард, қаблан дар фурудгоҳ, назди идораи пулис ва марказҳои шиносномадиҳии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, дар тахтаи афроди мавриди ҷустуҷӯ насб шуда буд. Аммо ахиран чунин аксҳо дар саросари шаҳр пайдо шудааст.

Сарҳанг Абдураҳим Мирзоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба радио гуфтааст, 14 нафар аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ҳудудан 17 соли пеш ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев бар зидди ҳукумат шӯриш бардоштанд, ҳанӯз боздошт нашудаанд ва пулис аксҳои кӯҳнаи онҳоро бо суратҳои навтар иваз кардааст.

"Ба шаҳрвандон муроҷиат мекунем ва телефонҳоро гузоштаем, ки бо дидани ин нафарон ба мо хабар диҳанд, чанд моҳи пеш аксҳои онҳо куҳна шуда буд, бино бар ин аксҳои нав гузошта шуд, ки мардум шинохта тавонад", — гуфтааст Мирзоев.

Раиси пулиси шаҳр мегӯяд, ин аксҳо то замони боздошти Маҳмуд Худойбердиев ва ҷонибдоронаш ҳамчунон дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар маконҳои таҷаммӯи мардум насб хоҳанд шуд.

Аксҳое, ки дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа насиб шудаанд, аксар хеле қадимианд, менависад радио.

Полковник Маҳмуд Худойбердиев, аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ буд, ки баъди пирӯзии ин гурӯҳ дар ҷанги соли 1992, фармондеҳии як бригадаи махсуси артиши Тоҷикистон дар водии Вахшро бар ӯҳда дошт. Аммо вай бо ҷонибдоронаш бори аввал соли 1996 ва бори дувум соли 1997 муқобили ҳукумати Тоҷикистон шӯриш бардошта, тамоми водии Вахш то ағбаи Фахробод ва дар исёни дувум ҳатто қисматҳое аз водии Ҳисор бо шумули корхонаи алюминсозии Турсунзодаро зери назорати худ оварданд. Баъди шикасти исёни дувум дар тобистони соли 1997 бо ҷангиёнаш ба Ӯзбакистон фирор карданд.

Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард, вале боз шикаст хӯрда, маҷбур шуд боз ҳам ба Ӯзбакистон фирор кунад.

Бовар меравад, ки ӯву аксари ҷангиёнаш то ҳол дар Ӯзбакистон паноҳ мебаранд, вале Тошканд ба дархостҳои батакрори Душанбе дар мавриди таъқибу боздошт ва истирдоди Худойбердиев посухе надодааст ва дар қаламраваш паноҳ бурдани онҳоро низ ба таври расмӣ эътироф ё инкор накардааст.

Баҳром Шарифзода, сардори тозатаъини раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, бо гузашти солҳо Маҳмуд Худойбердиев ва ҷонибдоронаш ҳамчунон барои амнияти кишвар хатар доранд.

"Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамдастони ӯ барои Тоҷикистон хатар дорад. Онҳо душмани миллат, хоин ҳастанд ва дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд. Мо ҳеҷ гоҳ  онҳоро аз пайгарди қонунӣ дур намекунем", — афзудааст Шарифзода.

Мақомоти Тоҷикистон дар чор соли ахир 20 тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маҳкум ба зиндон кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0