05:32 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Барои ироъаи иттилоъ дар бораи ду узви Ҳизби исломии Афғонистон, ки соли 1976 аз сӯйи Гулбиддин Ҳикматёр таъсис шуда ва онро ИМА ба манзури “ақидаи зиддиамрикоӣ” доштанаш тундгаро медонанд, ҷоизаи пулӣ пешниҳод кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Барои дарёфти иттилоъ дар бораи ду узви Ҳизби исломии Афғонистон, ки бояд ба боздошти онҳо анҷом ёбад, ИМА панҷ миллион доллар ҷоизаи пулӣ ваъда дод, хабар медиҳад сойти вазорати хориҷаи ИМА.

"Маблағи то се миллион доллар барои иттилоъе, ки ба боздошт ва ё ҳукми Абдулло Сабур ва то 2 миллион барои иттилоъе, ки ба боздошт ва ё ҳукми Абдулло Навбаҳор анҷом меёбад, пешниҳод мешавад", — омадааст дар хабар.

Ҳизби исломии Афғонистон, ки соли 1976 аз сӯйи фармондеҳ Гулбиддин Ҳикматёр таъсис шудааст, ҳизби умдаи мухолифони мусаллаҳи Афғонистон дониста мешавад.

ИМА ин ҳизбро ба далели "ақидаи зиддиамрикоӣ" ва талоши таъсиси давлати исломӣ бар пояи ҳуқуқи шариат тундгаро медонанд.

Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Амрико, Абдул Сабур муттахасиси васоили мунфаҷира аст ва барои амали террористии маргхоҳ дар моҳи майи соли 2013 дар Кобул, ки дар пайи он як мошини зиреҳпӯши артиши ИМА тахриб шуда буд, муттаҳам мешавад. Дар пайи ин амали террористӣ шаш нафар амрикоиҳо ва ҳашт нафар шаҳрвандони Афғонистон бо шумули ду кӯдак кушта шуда ва боз 37 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Навбаҳор, ба иттилоъи ИМА, низ муттахасиси маводди мунфаҷира мебошад ва якҷо бо Сабур ба ҳамла ба автобуси ширкате, ки барои сафоратхонаи ИМА дар Кобул хадамот ироъа мекард, ширкат кардааст. Он замон беш аз даҳ нафар кушта ва боз беш аз даҳ нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Барномаи ироъаи ҷоизаи пулӣ барои иттилоот дар бораи террористони эҳтимолӣ аз соли 1984 мавриди иҷро қарор дорад ва дар чорчӯби он ИМА ба беш аз 80 нафар хабаррасон 125 миллион доллар пардохт кардаанд.

Мавзуъ

Ашхоси номаълум дар Афғонистон 30 мусофири автобусро рабуданд
Президенти Афғонистон ҷонибдори тамдиди ҳузури неруҳои НАТО аст
Поёни маъмурияти низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон
Барчаспҳо:
мутахассиси маводи мунфаҷира, талоши таъсиси давлати исломӣ, маблағ, таъсиси ҷоизаи пулӣ барои иттилоъот, вазорати хориҷаи ИМА, Абдулло Навбаҳор, Абдул Сабур, Гулбиддин Ҳикматёр, Афғонистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ