00:57 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосмбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ

Дастури Отамбоев ба бозрасии хабари парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мақомот

© Sputnik / Алексей Никольский
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
510

Вакили мудофеъи додситони кулли собиқи Қирғизистон Аида Салянова изҳор дошт, ки барканории вай аз симмати додситон ба таҳияи бархе аз аснод барои боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мақомоти феълӣ аз иҳотаи раиси ҷумҳур рабт дошт.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дастур додааст, ки хабари парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мақомоти наздиконаш бозрасӣ шавад, хабар додааст маркази матбӯъотии раҳбари кишвар бо истинод ба мушовир Фарид Ниёзов.

Қаблан Расул Умбеталиев узви яке аз аҳзоби сиёсӣ ва вакили мудофеъи додситони кулли собиқ Аида Салянова изҳор дошта буд, ки вай ба далели таҳияи бархе аз аснод барои боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мақомоти феълӣ аз ҷумлаи наздикони раиси ҷумҳур барканор шудааст.

"Отамбоев муътақид аст, ки ҷомеъа бояд ба суолоти худ, ки оё воқеъан чунин аснод дар Додситонии кулл вуҷуд доштанд ё хайр, посух бигиранд. Ва агар, ки чунин аснод вуҷуд доштанд, пас чаро онҳо ба наҳваи бозрасии вижа ва ё боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ иҷро нашуданд", — зикр кард Ниёзов.

Худи Умбеталиев дар мусоҳиба бо бошгоҳи хабарии Kloop.kg гуфтааст, ки ин аснод ба "сирқати миллиардо сом тавассути шеваҳои фасодӣ" тавассути мақомот аз ҷумлаи наздикони Отамбоев рабт доранд.

"Ман намехоҳам вазъро ташаннуҷ кунам ва ба ин далел ба мақомот пайём додам, ки онҳо фаъолиятҳои фасодии худро қатъ кунанд. Агар онҳо ин аъмоли худро идома диҳанд, водор мешавам, ки ин иттилоъро расонаӣ кунам. Ман ҳушдор додам. Онҳо медонанд, ки ман дар чӣ бора сӯҳбат мекунам", — иқтибос овардааст пойгоҳи хабарӣ аз гуфтаҳои вакили мудофеъ.

Сиёсатшинос Марс Сариев изҳороти Умбеталиевро "таҳрик" унвон кард.

"Ин тиҷорати сиёсӣ аст. Ин таҳрик аст, зеро агар ин аснод вуҷуд дошта бошад, агар вай покизаву тарсе надошта бошад — бигзор расонаӣ кунад. Идомаи даъво бо ин аснод ва ин вазъ ғайримумкин аст", — гуфт Сариев дар мусоҳиба бо Kloop.kg.

Додситонии кулл ба навбаи худ хабарҳо мабнӣ ба вуҷуди чунин аснод дар баррасиро такзиб кард, вале раҳбари кишвар дархост кард, ки ин қазия сареъан ва ҳамаҷониба бозрасӣ шавад, тавзеъ медиҳад маркази матбӯъотӣ.

Мавзуъ

Пулиси Қирғизистон бо шеваи ҷадид барои мардум кор мекунад
Дастури нахуствазири Қирғизистон: ба матолиби интиқодӣ вокуниш шавад
Қирғизистон расман шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд
Барчаспҳо:
парванда, тафтишот, ифшои авомили барканории додситони кулл, президенти Қирғизистон, додситонии кулл, Аида Салянова, Фарид Ниёзов, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ