23:22 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Парчами Русия. Акс аз бойгонӣ

Вашингтон ва Брюссел алайҳи Русия таҳримоти ҷадид роҳандозӣ мекунанд

© Sputnik / Алексей Никольский
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Раиси ҷумҳури ИМА ва раҳбарони кишварҳои ИА дар бораи омодагӣ ба роҳандозии таҳримоти ҷадид алайҳи Русия дар сурати нақзи тавофуқоти дар моҳи феврал дар Минск ба даст омада изҳори назар карданд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Агар тавофуқоти Минск ба сурати комил иҷро нашаванд ИМА ва Ғарб омодаанд алайҳи Русия таҳримоти ҷадид роҳандозӣ кунанд. Чунин тасмим дар пайи музокироти видеоии миёни Барак Обама ва раҳбарони кишварҳои Аврупо рӯзи сешанбе гирифта шудааст, менависад РИА Новости.

"Онҳо тасмими қатъии худро барои амалиёти фаврӣ ва ҳамгироиёна барои водор сохтан ба пардохти арзиши бештар дар сурати нақзи ҷиддии тавофуқоти Минск ва ё агар ҷудоихоҳоне, ки аз сӯйи Русия пуштибонӣ мешаванд, талош кунанд, ки манотиқи тозаеро забт кунанд", — изҳор доштааст маркази матбӯъотии Кохи сафед.

"Раҳбарон ба иҷрои муваффақ ва комили тавофуқоти Минск изҳори умедворӣ карда мувофиқат карданд, ки содда кардани таҳримоти феълӣ ба иҷрои комили ин тавофуқот бастагӣ хоҳад дошт", — изофа карданд дар Кохи сафед.

Обама ва раҳбарони кишвари ИА аз ҷонибҳои даргир даъват карданд, ки аз амалиёти низомӣ худдорӣ ва бо САҲА зимни канор бурдани васоили ҷангии сангин ҳамкорӣ кунанд ва табодули асиронро анҷом бидиҳанд. Обама ва раҳбарони аврупоӣ аз ислоҳоте, ки ҳукумати Украина анҷоми онро ҳадаф дорад, пуштибонӣ ва изҳори омодагии ироаъаи кӯмаки молӣ ба Украина шуданд. Ҳамчунин вазъ дар Либия ва мубориза бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" матраҳ шудаанд, хулоса карданд дар Кохи сафед.

Қаблан маркази матбӯъотии ҳукумати Олмон дар пайи анҷоми музокироти видеоӣ ҳамчунин изҳор дошта буд, ки Ғарб барои ташдиди таҳримот алайҳи Русия дар сурати тавсеъаи даргирӣ дар Украина омода аст.

Раҳбарони Фаронса, ИМА ва Олмон — Франсуа Олланд, Барак Обама ва Ангела Меркел рӯзи сешанбе сӯҳбатҳои телефонӣ анҷом доданд. Дар ин музокирот нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон ва Италия Маттео Рентси ва раҳбари комиссяи Аврупо Доналд Туск ширкат кардаанд.

ИМА ва ИА борҳо Москавро дар мудохила ба умури Украина муттаҳам кардаанд. Москав ба навбаи худ мукарраран изҳор дошт, ки ба ҳаводиси ҷанубу шарқи Украина рабте надорад. Намояндагони Русия муътақид месохтанд, ки ФР ҷониби даргир дар қазияи дохилии Украина нест ва манфиатдор аст, ки ин кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ берун омада умумияти қаламрави худро ҳифз кунад.

Мавзуъ

Саакашвили: тасмими интиқоли силоҳ ба Украина 99% омода аст
Вашингтон боз аз ҳузури низомиёни рус дар Украина изҳори назар кард
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Путин гуфт, аллакай ба Украина силоҳ медиҳанд
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
ВКХ ФР, Олмон, Фаронса ва президенти Украина дар бораи бӯҳрони Донбасс
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
Барчаспҳо:
ҷанг дар Украина, ҷанг, таҳдиди таҳримоти ҷадид алайҳи Русия, Кохи сафед, Дэвид Кэмерон, Ангела Меркел, Франсуа Олланд, Барак Обама, ИА, Амрико, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ