06:06 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ

Марзбонони Ӯзбакистон шаҳрванди худро куштанд

CC BY 2.0 / upyernoz / Tajik-Uzbek Border
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Дар манотиқи марзии Ӯзбакистон, ки бо бештаре аз кишварҳои ҳамсоя марзҳои баста дорад, чунин ҳаводис зуд-зуд рух медиҳанд, гуфт манбаъи радио.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Севвуми март сокини 32- солаи Ӯзбакистон ҳангоми убури марз бо Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ кушта шуд, менависад радиои Озодлик бо истинод ба Хадамоти амнияти миллии (ХАМ) Ӯзбакистон.

Дилмурод Бозоров, ки соли 1982 таваллуд шудааст ва дар рустои Отчопари ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон зиндагӣ мекард, зимни убур аз сарҳад дар манотиқи кӯҳӣ кушта шудааст.

Се марзшикан дархости сарҳадбонон барои бозистоданро сарфи назар карданд ва он вақт ба сӯяшон тирпарронӣ оғоз шуд. Дар натиҷа, Бозоров кушта шуда ва ду нафари дигар аз маҳалли ҳодиса фирор карданд. Феълан, ин ду нафар ҷустуҷӯ мешаванд, хабар дод манбаъи радио аз Кумитаи ҳифзи сарҳадоти ХАМ Ӯзбакистон.

Тибқи иттилоъи манбаъ, навиштааст Озодлик, се марзшикан талош доштанд аз Тоҷикистон ба таври қочоқ доруворӣ — арбидол ва таҷҳизоти зидди ҳамл ворид кунанд.

Дар манотиқи марзии Ӯзбакистон, ки бо бештаре аз кишварҳои ҳамсоя марзҳои баста дорад, вуқӯъи чунин ҳаводис зуд-зуд мушоҳида мешаванд.

Барчаспҳо:
кушта шуд, сарҳадбонон, кушта шудани марзшикан, Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон, ХАМ, Дилмурод Бозоров, Сурхондарё, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ