Афғонистон дар тавлиди ҳероин ва ҳашиш дар ҷаҳон пешсаф мебошад

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкМаъмурони зиддимухаддаротӣ. Акс аз бойгонӣ
Маъмурони зиддимухаддаротӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миқдори маводи мухаддире, ки аз сӯйи маъмурони Идораи Федеролии назорат бар маводи мухаддир (ИФНММ) дар масири интиқоли онҳо аз Афғонистон боздошт шудааст тоннаҳоро ташкил мекунад ва тавлиди ҳероин усули корхонаиро касб кардааст.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Афғонистон пешсафи тавлидоти на танҳо ҳероин, балки ҳашиш низ шудааст, изҳор дошт раҳбари ИФНММ Виктор Иванов, хабар медиҳад РИА Новости.

"Афғонистон ҳамчунин дар ҷаҳон ба ҷойи аввал дар тавлиди ҳашиш низ баромад. Ин маводди коркардшудаи мухаддирот, ки аз он ба унвони ҳашиш ном мебаранд ба миқдори зиёд ба қаламрави Русия ворид мешавад. Мо дар соли гузашта 1,5 тонна ҳашиши афғониро дар кишвари худ мусодира кардем", — гуфт Иванов дар шабакаи телевизионии "Россия 24".

Ин дар ҳолест, ки дар Афғонистон тавлидоти корхонаии ҳероин қатъ нашудааст, зикр кард раҳбари ИФНММ.

"Мазореъи кишти хашхош тавсеъа меёбанд ба 250 ҳазор гектар расидааст, тавлидоти ҳероин низ афзоиш меёбад. Дар ин робита ИФНММ ниҳоди қатъии таҳоҷуми ҳероини афғонӣ ба қаламрави Русия аст ва 75% мусодираи ҳероин дар кишварро маъмурони ИФНММ анҷом медиҳанд", — изофа кард раҳбари пулиси зиддимухаддаротӣ.

Ҳукми додгоҳ дар Перм алайҳи 18 тоҷикистонӣ бо ҷурми қочоқи нашъа

Қаблан Иванов изҳор дошта буд, ки ҳамасола дар Афғонистон ҳудуди 150 миллиард меъёри якдаъфинаи истифодаи ҳероин тавлид мешавад, ки нисбати аҳолии ҷаҳон 25 маротиба бештар аст. Онҳо анборҳои ҳероинро дар манотиқи наздикии Русия дар Афғонистон пур мекунанд, ки феълан дар онҳо аллакай се ҳазор тоннаи ҳероин ё триллион меъёри якдаъфинаи истифодаи он захира шудааст.

Дар гузашта намояндагони ФР борҳо эътилофи байналмиллалиро, ки нерӯҳои худро дар авоили даҳаи 2000 вориди Афғонистон карда буд, муттҳам кард, ки онҳо бо муқобала бо тавлидоти маводди мухаддири маҳаллӣ алоқаманд нестанд. Дар НАТО ба навбаи худ тавзеъ доданд, ки муқобала бо кишти хашхош бар зарари кишоварзони маҳаллӣ хоҳад буд ва ба ин далел аз ин амр ҷилавгирӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0