07:02 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Барак Обама фармонеро дар бораи роҳандозии вазъи фавқуллода нисбати Венесуэла имзо кард, зеро вазъият дар ин кишвари Амрикои ҷанубӣ барои ИМА хатаротеро эҷод кардааст.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раҳбари Куба Раул Кастро ҳамгироии қатъӣ ва ивазнашаванда бо ҳукумати Венесуэла дар қиболи роҳандозии таҳримоти амрикоӣ ва эълони ин кишвар ба гунаи манбаъи хатар барои амнияти ИМА эълом кард, менависад РИА Новости.

Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама фармонеро имзо кард, ки нисбати Венесуэла вазъи фавқуллода ҷорӣ мекунад, зеро вазъият дар ин кишвари Амрикои ҷанубӣ барои ИМА хатароте эҷод мекунад. 

Дар чорчӯби ин фармон нисбати ҳафт нафар мақоми баландпояи Венесуэла таҳримот роҳандозӣ шуд.

"Мавзеъи кишвари мо ивазнашаванда аст, ман ба ҳамгироии қатъии инқилоби Куба бо инқилоби боливарианӣ, бо раиси ҷумҳур Николас Мадуро ва иттиҳоди шаҳрвандону низомиён, ки раҳбариашро вай бар ӯҳда дорад таъкид мекунам ва мо ба хотири Уго Чавес, дӯсти беҳтарини инқилоби Куба содиқ мемонем", — иқтибос овардааст пойгоҳи Noticias24 аз изҳороти Кастро дар ҷараёни ҷаласаи эътилофи Боливарианӣ барои халқҳои Амрикои мо (АЛБА) дар Каракас.

Кастро изҳор дошт, ки яке аз далоили аслии ширкати кишвараш дар "Ҳамоиши Амрикоҳо" дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Панама баъд аз таваққуфи тӯлонӣ ҷилавгирӣ аз таҳдидот ва талош барои маҳдуд кардани Венесуэла ва ҳамчунин талаби қатъи ниҳоии инҳисори иқтисодии Куба мебошад.

Вай гуфт, ки ИМА ҳамаи роҳҳои ташаннуҷи авзоъ дар Венесуэларо санҷиданд ва ҳадафашон соҳиб шудан бар назорати захойири бузургтарини нафт дар ҷаҳон мебошад, ки дар ихтиёри ин кишвар мебошад.

ИМА ва Куба дар моҳи декабри соли 2014 иқдомоти бесобиқа барои беҳбуди равобитро эълом карданд, ки дар чорчӯби он Барак Обама аз конгресс даъват кард, ки таҳримоти тиҷоратии беш аз нимасраро нисбати ин кишвари ҷазираӣ лағв кунад.

Мавзуъ

Назарсанҷӣ: дар ИМА кӣ аз қонуну тартибот пуштибонӣ мекунад
Маслиҳати Чин ба ИМА дар масъалаи ҳуқуқи инсон
Барчаспҳо:
пуштибонии Куба аз Венесуэла, АЛБА, Уго Чавес, Раул Кастро, Николас Мадуро, Куба, Венесуэла, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ