08:39 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Рамазон Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ

Дархост аз вазири ВКД барои раҳоии "зиндониёни ифротӣ"

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Соли гузашта дар кишвар 116 узви созмонҳои террористӣ ва ифрогаро боздошт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро барои ҳалли масоили хусусӣ қабул кард, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Ба қабули вазир ҳамчунин сокинони навоҳии дурафтода — Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ омаданд.

Бархе аз волидайн ва хонаводаҳои ҷавон аз раҳбари ВКД хоҳиш карданд, ки дар озодии фарзандонашон ва шавҳарҳои онҳо, ки ба иттиҳоми увзвият дар равияҳои мухталифи ғайриқонунӣ назири "Ҷамоъати Ансоруллоҳ", "Ҷундуллоҳ", "Ҳизб-ут-Таҳрир" мусоъидат кунад.

Онҳо зикр карданд, ки пайвандони зиндониашон аллакай аз ин аъмоли худ пушаймон ҳастанд. Бархе аз ин зиндониён 4-5 фарзанд доранд ва онҳо мехоҳанд назди хонаводаҳои худ баргашта зиндагии маъмулӣ дошта бошанд.

Дар миёнаи моҳи январ вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон хабар дод, ки соли гузашта дар кишвар 116 узви созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Мавзуъ

Боздошти як бонуи тоҷик дар роҳи сафар ба ҷиҳод аз сӯйи ВКД
ВКД 11 нафарро дар Хуҷанд бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт кардааст
ВКД як нафарро ба иттиҳоми ташкили “Давлати исломӣ” дастгир кард
ВКД ҶТ ба хонаводаи навраси шиканҷашуда 300 ҳазор сомонӣ медиҳад
Барчаспҳо:
қабули шаҳрвандон, ВКД, Рамазон Раҳимзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ