07:21 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, бо воҷуди он ки шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мувофиқа бо вазорат ба Яман рафтаанд, ин ниҳод барои берун овардани онҳо талош мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, барои аз қаламрави Яман берун кардани шаҳрвандони кишвар талош доранд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба оҷонсӣ гуфтааст, онҳо аз роҳҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои русӣ, ки шаҳрвандони кишварро барои кор ба Яман ҷалб кардаанд, ин масъаларо ҳал мекунанд. Ба гуфтаи Атоев, масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аллакай бо ширкатҳои русӣ тамос гирифта, дар пайи муайян кардани теъдоди дақиқи тоҷикони муқими Яман ва нақшаи берун баровардани онҳо аз роҳҳои дипломатӣ мебошанд.

"Ҳоло мо корро шурӯъ кардаем ва талош дорем ҳарчӣ зудтар онҳоро аз роҳҳои дипломатӣ аз Яман берун орем. Албатта мушкил инҷо аст, ки онҳо бидуни мувофиқа бо мо тавассути ширкатҳои русӣ барои кор ба Яман рафтаанд ва ҳоло мо теъдоди дақиқи онҳоро гуфта наметавонем", — афзудааст Атоев.

Ин масъули вазорати хориҷа ҳамчунин гуфтааст, гарчанде шаҳрвандон бо вуҷуди ҳушдорҳои пайвастаи вазорат ва бидуни мувофиқа бо ин ниҳод озими Яман шудаанд, ҷониби Тоҷикистон бо ҳар васила барои аз қаламрави он кишвари дар ҳоли ҳозир ноамн берун карданашон талош мекунад.

Тоҷикони муқими Яман дар пайи оғози ҳамлаҳои низомии ҳавоии Арабистони Саудӣ ба қаламрави ин давлати ҳамсояаш аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, онҳоро аз ин кишвар берун биёранд. Шаҳноза, як табиби тоҷики муқими Яман дар суҳбат бо бахши тоҷикии "Радиои Озодӣ" гуфтааст, ҷони онҳо дар хатар қарор дошта, мехоҳанд, ҳарчӣ зудтар аз ин кишвар берун шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳуҳуди 100 табиби тоҷик дар қаламрави ин кишвари арабӣ ҳузур доранд.

Ҳамлаҳои низомии ҳавоии Арабистони Саудӣ, ки онро лигаи кишварҳои арабӣ ва Амрико ҷонибдорӣ менамоянд, рӯзи 26 марти соли равон замоне шурӯъ гардид, ки нерӯҳои қабилаи шиаҳои ҳусӣ давлат ва ҳукумати ин кишварро ғасб карданд.

Барчаспҳо:
ҳамла, берун овардан, талош, табибон, шаҳрвандон, ҷанг, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Абдулфайз Атоев, Арабистони Саудӣ, Яман, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ