44 пизишки тоҷик барои берун омадан аз Яман сабти ном шуданд

© Foto / wikimedia.orgЯман. Акс аз бойгонӣ
Яман. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам 44 пизишки тоҷик дар Яман барои берун рафтан аз ин кишвар номнавис шудаанд. Бархеи дигар гуфтаанд, қасди берун рафтан аз Яманро надоранд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 44 пизишки тоҷик ҳамроҳ бо пайвандонашон барои хориҷ шудан аз Яман номнавис шудаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Абдулфайз Атоӣ, сухангӯи департаменти таҳлил, иттилоот ва сиёсати хориҷии вазорат, ба радио гуфтааст, ин 44 пизишки тоҷик, ки ҳамроҳ бо фарзандонашон наздики сад нафар ҳастанд, тариқи ширкатҳои русӣ дар Яман кор мекунанд. Вай афзудааст, ҳоло барои берун кардани онҳо аз роҳи ҳавоӣ ва заминӣ истифода хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент барои берун овардани тоҷикон аз Яман дастур дод

"Роҳи аввал тариқи ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва роҳи дигар тариқи марзи Арабистони Саудӣ бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Қатар дар назар гирифта шудааст", — гуфтааст Атоӣ.

Тасмими берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бино ба баъзе ҳисобҳо дар Яман ҳудуди 200 нафарро ташкил медиҳанд, баъди он шурӯъ шуд, ки Арабистони Саудӣ бо дигар кишварҳои ҳампаймонаш болои ҳусиҳо, пайравони мазҳаби шиа, ки тавони зиёди низомӣ доранд, ҳамларо сар кард. Аммо бо ин вуҷуд, бархе аз тоҷикони муқими ин кишвар гуфтаанд, дар Яман боқӣ хоҳанд монд ва тасмими берун шуданро надоранд.

Дар рӯзи шуруи ҳамлаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи расонаҳо аз ҳукумати кишвар хостанд, ки барои берун овардани онҳо иқдом кунад. Ба дунболи ин хоҳиши шаҳрвандон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба сафоратхонаҳои кишварҳои наздик ба Яман дастур дод, ки иқдоми берун овардани шаҳрвандонро рӯи даст бигиранд.

Дар дастури президент омада буд, ки намояндагиҳои дипломатию консулии Тоҷикистон дар кишварҳои араб, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд барои таъмини амнияти шаҳрвандони мо дар Яман ва баровардани онҳо аз ин кишвар чораҳои зарурӣ андешанд ва бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои мазкур ҳамкории лозимаро анҷом диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0