10:08 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Беш аз 25 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дар суфуфи террористон алайҳи Сурия ва Ироқ меҷанганд ва ба гуфти муаллифони гузориши СММ ин ду ҷабҳа барои онон “мактаби ҳақиқии ифротгароӣ” шудаанд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар сафҳои гурӯҳҳои террористии Ироқу Сурия беш аз 25 ҳазор хориҷиён меҷанганд, менависад Радиои Озодӣ бо истинод ба оҷонсии Associated Press, ки гузориши тозаи коршиносони СММ-ро дар даст доштааст.

"Сафҳои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" ва "Ал-қоида"- ро шаҳрвандони беш аз сад кишвари дунё, аз ҷумла Тунис, Марокаш, Фаронса ва Русия пурра мекунанд",- омадааст дар санади мазкур.

Моҳи сентябри соли 2014 дар ҷаласаи 69-уми Ассамблеяи ин ташкилоти байналмиллалӣ ба коршиносони СММ супориш доданд, ки тайи шаш моҳ гузориши вижаеро дар бораи хатари атбоъи хориҷӣ дар ҳайати "Давлати исломӣ" таҳия ва омода созанд.

Бар пояи ин гузориш дар солҳои 1990-2000 Афғонистон макони аслии ҷамъшавӣ ва омодасозии гурӯҳҳои тундрав маҳсуб меёфт, аммо дар ҳоли ҳозир Либиё, Сурия ва Ироқ мавзеъи ҷадиди баҳамойии террористон мебошанд.

Мавзуъ

Эрдуғон: ДИ талош дорад фарҳанги исломиро маҳв созад
Барчаспҳо:
25 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ алайҳи Ироқу Сурия, дар ҳайати мухолифин, тундравҳо, ҷангиёни терроррист, Ал-Қоида, ДИИШ, ДИ, Давлати исломӣ, Либиё, Ироқ, Сурия, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ