01:12 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Субҳи якшанбе дар наздикии бинои консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз таркиш рух додааст. Мақомҳои афғонӣ мегӯянд, дар пайи ин таркиш 2 тан, аз ҷумла як корманди досдитонии Қундуз ҷон бохтаанд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Субҳи рӯзи якшанбе дар минтақаи Навободи Хоҷамашҳади вилояти Қундуз, дар минтақае, ки консулгарии Тоҷикистон воқеъст, инфиҷор рух дод, иттилоъ медиҳад сомонаи Khaama Press.

Ба қавли мақомоти интизомии Афғонистон дар пайи ин таркиш 2 тан, аз ҷумла як корманди досдитонии Қундуз бо исми Қадир Раҳимӣ  ҷон бохтаанд.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси ин вилоят гуфт, инфиҷор аз бинои консулгарӣ дуртар буда, касе аз кормандони он осеб надидааст. Ба иттилоъи ӯ, афроди номаълум дар мошини Қадир Раҳимӣ, яке аз кормандони додситонӣ минаи магнитиро гузошта будаанд, ки дар натиҷаи инфиҷор додситон ба ҳалокат расида, нақлиёташ хароб гардид.  

Дар ҳоли ҳозир ҳеч яке аз гурӯҳҳои тундрав масъулияти таркишро ба худ нагирифтаанд.

Мавзуъ

Як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз боздошт шуд - ВАО
Барчаспҳо:
ҳалокати корманди додситонӣ, таркиш дар Қундуз, амали террористӣ, инфиҷор, Қадир Раҳимӣ, Саид Сарвар Ҳусайнӣ, Навободи Хоҷамашҳади Қундуз, Қундуз, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ