Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСарварони тозатаъини РВКД дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Сарварони тозатаъини РВКД дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон кадрҳои пешниҳодшуда ба мақомоти роҳбарикунандаи умури дохилиро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намуд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Субҳи имрӯз, 7 апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон кадрҳои пешниҳодшуда ба мақомоти умури дохилиро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хизмати софдилона ҳидоят кард, менависад сайти президенти ҶТ.

Қайд мешавад, ки дар пайи як тагйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сардорони панҷ раёсати ин ниҳод бо шумули раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе иваз шудааст.

Полковники милитсия Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, собиқ сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сардори Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, инчунин сардори қисми минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони шӯъбаҳои ин вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Данғара, Норак, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Ҷиргатол, Шуғнон ва Мурғоб низ аз мақомҳои худ барканор шуда, ба ҷои онҳо нафарони дигар таъйин шудаанд.

Ҳамзамон, дар чанд сохтори дигари ин вазорат дар соҳаи нақлиёт ва дар чаҳор қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0