22:53 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Пойгоҳи назорати кайҳонии Окно дар кӯҳҳои Санглохи Норак. Акс аз бойгонӣ

Пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" дар Норак пурра тақвият ёфт

© Sputnik / РИА Новости
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Пойгоҳи назорати кайҳонӣ, ки дар наздикии шаҳри Нораки Тоҷикистон, дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, ҷиҳати назорати ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва ҳаргуна ҷирмҳои осмонӣ пешбинӣ гардидааст.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тавонмандсозӣ ва пурра кардани ҳайати афсарону сарбозони пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно", ки дар наздикии Нораки Тоҷикистон ҷойгир аст ва мутаалиқи ВКО ФР мебошад, пурра ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба ҳарфҳои фармондеҳи нуқтаи низомӣ полковник Владимир Хромченко.

"Дар ин ҷо низомиён фақат ба таври шартномавӣ кор мекунанд. Онҳо барои анҷоми вазоифи худ иловапулӣ ва имтиёзҳои зиёде мегиранд.  Дар натиҷа, мутахассисони мо аз онҳое, ки дар Русия адои хизмат менамоянд бештар пул мегиранд. Таври мисол, лейтенант дар ин ҷо аз 80 то 100 ҳазор рубл маош мегирад",- гуфт Хромченко.

Ӯ қайд кард, ки маоши баланд ва имтиёзҳои мухталиф имкон доданд, ки ҳайати мутахассисони пойгоҳ дар муддати кӯтоҳ бо кадрҳои ҳирфаӣ пурра шавад. Дар ин нуқтаи муҳими стратегӣ чанд сад хизматчии низомӣ ифои вазифа мекунад.

Таҷҳизоти назорати кайҳонии "Окно", воқеъ дар ағбаи Шар-шар, дар 80 километрии ҷанубу шарқи Душанбе аз ҷумлаи беҳтарин пойгоҳҳои русии назоратии фазо ва коинот маҳсуб мегардад.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки пойгоҳи мазкур ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва ҳаргуна ҷирмҳои осмониро дар баландии то 40 ҳазор километр назорат мебарад, акнун тибқи барномае, ки  бояд амалӣ гардад, тавоноии он то ба 120 ҳазор километр хоҳад расид.  

Пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно"  дар соли 1979 дар замони Шуравӣ дар Норак сохта шуда буд ва ҳоло моли низомии Русия буда, ба вазорати дифоъи ин кишвар таалуқ дорад. Як қисми дигари телескопҳои пойгоҳ барои назорати ҳарими ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия истифода мешавад.

Барчаспҳо:
сарбозону афсарони шартномавӣ, пурра бо мутахассисон таъмин шуд, тақвияти пойгоҳи назорати кайҳонӣ, пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно", ВКО РФ, Владимир Хромченко, Русия, Санглох, Норак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ