07:30 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Рӯйхатгирии мусофирон дар фурудгоҳи Домодедово. Акс аз бойгонӣ

Ҳавопаймои навбатии ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман баргашт

© Sputnik / Владимир Федоренко
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Дар дохили ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, ки шаби душанбе аз Яман ба Маскав баргаштанд, на танҳо шаҳрвандони Русия, балки шаҳрвандони ИДМ, Булғористон, Сурия, Олмон, Миср, Лаҳистон (Полша) ва Индонезия низ буданд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Наздики 300 нафар мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон, шаби душанбеи 13 апрел тавассути ду ҳавопаймо аз Яман ба Маскав оварда шуданд, хабар додааст РИА Новости.

Дар дохили ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Украина, Булғористон, Яман, Сурия, Олмон, Миср, Лаҳистон ва Индонезия ҳузур доштанд. Дақиқан чанд нафаре аз онҳо шарҳрвандони Тоҷикистонанд, иттилоъ дода намешавад.

То 9 апрел тариқи ҳавопаймоҳои ВҲИ Русия аз Яман 130 шаҳрванди Тоҷикистон берун оварда шуда буданд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар он кишвар тақрибан аз 100 то 150 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба мақсади кор рафтаанд, қарор доранд.

Дар интиҳои моҳи март неруҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ амалиёти ҷангиро алайҳи шӯришиёни ҳусии Яман шуруъ кард.

Шӯришиён чанде муқаддам пойтахти Яман шаҳри Санъоро зери нуфуз қарор дода, президенти ин кишварро маҷбур ба тарки Яман карданд.

Кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, бо шумули СММ, шаҳрвандон ва кормандони худро аз Яман берун меоранд.

Мавзуъ

17 тоҷикистонӣ аз Яман берун бароварда шуданд
Ҳавопаймои дуввум бо шаҳрвандони ҶТ аз Яман ба Подмоскове омад
Ил-62 мусофиронро аз Яман ба Маскав овард. Навор аз фурудгоҳ
Барчаспҳо:
ҳусӣ, шӯришиён, 130 шаҳрванд, ҳавопаймо, кор, берунорӣ, табибон, шаҳрвандон, ҷанг, Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, Булғористон, Санъо, Яман, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ