00:55 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Парвиз Набиев гуфт, ки якҷо бо ҳамроҳонаш тӯли 50 рӯз дар масҷиди “Имом Бухорӣ” омӯзиш дида ва сипас озими Сурия шудааст, вале ба ҳангоми расидан ба Туркия тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон баргардад.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Сокини Шаҳритус Парвиз Набиев, ки аз ширкат дар ҷиҳод дар Сурия худдорӣ кардааст, аз толори додгоҳи вилояти Хатлон озод шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар сӯҳбат бо радио Набиев гуфтааст, ки онҳоро дар масҷиди "Имом Бухороӣ" тӯли 50 рӯз омӯзиш додаанд. Баъд аз анҷоми таҳсил вай озими Сурия шудааст. Вале ба ҳангоми расидан ба Туркия тасмим гирифтааст ба ватан баргардад.

Ба гуфтаи Набиев, аъзои гурӯҳҳои террористӣ ҷавонони тоҷикро тавассути наворҳои видеоӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ пахш мекунанд, ҷалб месозанд.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки ҳамроҳаш боз се нафар аз дӯстонаш омӯзиш дидаанд. Вале дар бораи он ки феълан онҳо дар куҷо ҳастанд, вай иттилоъ надорад.

Ба ин ҷавон барои "зархаридӣ" (қисми 3 моддаи 401 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон) ба вай аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекард. Вале тасмимаш барои худдорӣ аз ширкат дар ҷиҳод ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард.

Ҳамчунин дар соли 2014 барои худдорӣ аз ширкат дар даргирии Сурия сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Комил Шукуров аз муҷозот озод шуда буд. Ниҳодҳои интизомӣ мушшахас карданд, ки Шукуров ҷароими дигаре содир накардааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки афроде, ки бо хоҳиши худ ба кишвар баргашта то он замон ҷиноят содир накардаанд, озод мешаванд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Тоҷикистон феълан дар Сурия беш 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд. Онҳо ба ин кишвар тавассути кишварҳои дигар — Туркия, Афғонистон ва Русия ворид мешаванд. Ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони мо дар Сурия бештар аст — 300 нафар.

Мавзуъ

Дар ҷангҳои Сурия 3 “ҷиҳодӣ”-и тоҷик аз Бохтар ҳалок шуданд
Мақомот: дар ҷангҳои Сурия аз Хатлон 45 ҷавон ширкат дорад
Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд
Ҳукумати Бохтар: дар Сурия се сокини ноҳия кушта шуданд
Прокурори Суғд: 35 кас барои ширкат дар ҷангҳои Сурия гумонбаранд
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд
Барчаспҳо:
раҳоии зархарид, озодии нафаре, ки нахост дар ҷанги Сурия ширкат кунад, ҷанг дар Сурия, додгоҳи ноҳияи Шаҳритус, ДИИШ, "Давлати исломӣ", ДИ, Парвиз Набиев, Шаҳритуз, вилояти Суғд, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ