09:17 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Пулиси афғон. Акс аз бойгонӣ

Озодӣ: раҳбари тоҷики “Толибон” дар Афғонистон захмӣ ё кушта шудааст

© wikimedia.org
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои давлатӣ, зикр мекунад Озодӣ, дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон рух додааст.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раҳбари "Толибон"-и Тоҷикистон зимни ҳамлаи тундгароён ба посгоҳи артиши Афғонистон дар дараи Хостак эҳтимолан кушта шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъи исмаш эъломнашуда.

Ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои давлатӣ, менависад Озодӣ, 10 апрел дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон рух додааст. Дар пайи ҳамлаи тундгароён 18 сарбози нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд.

Дар суфуфи толибон зимни ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ атбоъи хориҷӣ низ буданд, гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ раҳбари вилояти Бадахшон Шоҳ Валиулло Адиб. Ба гуфтаи вай миёни атбоъи хориҷии "толибон" зодагони Осиёи Миёна ва Чеченистон буданд.

Раҳбари вилоят ҳамчунин хабар дод, ки зимни ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои давлатӣ ду табаъайи хориҷии толибон захмӣ шуданд. Ба гуфтаи вай, яке аз ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон Умар Ислом ва дуввумӣ шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Сӯҳроб будааст.

Ин дар ҳолест, ки менависад Озодӣ, бархе аз расонаҳо, ки номи онҳо зикр намешавад, хабар дода буданд, ки зимни ҳамла ба посгоҳ Умар Ислом, ки ӯро ин расонаҳо раҳбари тундгароёни тоҷик унвон карда буданд, кушта шудааст.

Мавзуъ

Толибон беш аз 20 низомии афғонро қатл карданд
Кушта шудани чанд тоҷикистонии ҷонибдори "Толибон" дар Бадахшони ҶИА
КДАМ: толибон сарҳадбонони тоҷикро гаравгон нагирифтаанд
Барои раҳоии тоҷикон аз дасти Толибон амалиёти вижа роҳандозӣ шуд
Барчаспҳо:
захмӣ шудани раҳбари "Толибон"-и Тоҷикистон, ҷунбиши "Толибон", Умар Ислом, Шоҳ Валиулло Адиб, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ