18:54 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Ҷангҷӯёни Толибон дар самти Бағлон. Акс аз бойгонӣ

Толибон вулусволии Ҷунди Афғонистонро забт карданд

© AP/ Amir Shar
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Ниҳодҳои низомии давлатии Афғонистон натавонистанд аз ҳамлаи ҷангҷӯёни ҷунбиши “Толибон”, ки яке аз вулусволиҳо дар шимолу ғарби кишварро забт кардаанд, ҷилавгирӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши "Толибон" шаби якшанбе вулусволии Ҷунд дар вилояти шимолу ғарбии Бадғисро забт карданд, хабар медиҳад Khaama Press.

Ба гуфтаи Баҳоваддин Қудсӣ, раҳбари Шӯрои маҳаллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ба далели кундии таъминоти низомиву фаннӣ натавонистанд ба таҷоҳумгарон муқобала кунанд.

"Толибон дафотири раиси вилоят ва раҳбари пулисро забт карданд. Раиси вилоят ва раҳбари пулис ва бархе аз мақомоти дигар дар рустоҳои наздик панаҳ бурдаанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Қудсӣ.

Ба гуфтаи вай, ниҳодҳои амниятии Афғонистон, ки баъд аз даргирӣ бо ҷангҷӯён ба кӯҳистон ақабнишинӣ кардаанд, ба кӯмаки изофӣ ниёз доранд.
Худи ҷунбиши "Толибон" то ҳол хабари забти вулусволиро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод ба намояндаи мақомоти вилояти Бадғис Мирвайс Мирзоақвол хабар медиҳад, ки дар пайи ҳамлаи толибон шаби гузашта дастикам шаш нафар низомиёни давлатӣ кушта шудаанд. Ба иттилоъи вай, зимни ҳамла ба вулусволӣ дастикам 600 нафар ҷангҷӯён ширкат доштаанд.

Мавзуъ

Дар шимолу шарқи Афғонистон дастикам 30 толиб кушта шуданд
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд
Афғонистон намегузорад, ки ҷангиён ба Тоҷикистон ҳамла кунанд
Афроди мусаллаҳ дар шарқи Афғонистон даҳ нафарро рабуданд
Ашхоси номаълум дар Афғонистон 30 мусофири автобусро рабуданд
Марзбонӣ: толибон дар қаламрави тоҷикистонии марз нестанд
ВАО: ҷангиёни “ДИ” ва “Толибон” ба ҳам ҷанги муқаддас эълом карданд
Озодӣ: раҳбари тоҷики “Толибон” дар Афғонистон захмӣ ё кушта шудааст
Кушта шудани чанд тоҷикистонии ҷонибдори "Толибон" дар Бадахшони ҶИА
Толибон беш аз 20 низомии афғонро қатл карданд
Таҳдиди ША СММ ба Толибон ва ёварони онҳо
КДАМ: толибон сарҳадбонони тоҷикро гаравгон нагирифтаанд
Барчаспҳо:
забти вулусволии Ҷунд, ҷунбиши Толибон, Баҳоваддин Қудсӣ, Ҷунд, Бадғис, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ