Дар Душанбе духтараки ноболиғ мошини Toyota Corollaро рабуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкМошини гаронбаҳо. Акс аз бойгонӣ
Мошини гаронбаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи Ҷашни Пирӯзӣ сокини шонздаҳсолаи ноҳияи рустоӣ мошини гаронбаҳоро ба манзури сайругашт рабуд, вале аз сӯйи маъмурони пулиси пойтахт боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Маъмурони пулис сокини ноболиғи ноҳияи Вахшро ба иттиҳоми рабудани мошин боздошт карданд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Дар бораи рабуда шудани мошини Toyota Corolla соҳиби 45 солаи он ба бахши пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонӣ хабар дод.

"Дар аризаи худ вай навишт, ки афроди ношинос мошини ӯро нимаи рӯзи 9 май аз хиёбони Шевченко рабудаанд", — омадааст дар хабари ин вазоратхона.

Дар пайи амалиёти ҷустуҷӯйӣ маъмурони пулис мушшахас карданд, ки дар рӯзи равшан сокини 16 солаи ноҳияи Вахш ин мошинро рабудааст.

Духтарак боздошт шуда таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0