Дар ҳавлии як сокини куҳансол беш аз сад дона бангдона ошкор шуд

© Sputnik / Утарбеков / Гузариш ба медиабонкБангдона. Акс аз бойгонӣ
Бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишт ва парвариши бангдона, ки аз он барои тавлиди маводди мухаддир истифода мешавад, дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Зимни анҷоми амалиёти таҳқиқотӣ маъмурони пулис аз ҳавлии сокини 59 солаи ноҳияи Қубодиён беш аз сад адад бангдона ошкор шудааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

"Дар ҳавлии сокини 59 солаи ноҳияи Қубодиён 107 дона бангдона ошкор шудааст, ки парвариши он дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад", — омадааст дар хабари ВКД.

Ҳамчунин дар рӯзҳои таътили гузашта дар қаламрави боғи пойтахт сокини Душанбе боздошт шуд, ки зимни кофтукоб аз ӯ 652 грамм ҳашиш пайдо шуд.

Дар мавриди ин ду маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи онҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0