23:00 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Парчами Куриёи Шимолӣ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: вазири дифоъи Куриёи Шимолӣ ба далели ғанаб карданаш эъдом шуд

© Sputnik / Илья Питалев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Раҳбари вазорати дифоъи Куриёи Шимолӣ, ки дар ин симмат камтар аз як сол ифои вазифа кард, ба иттиҳоми хиёнати давлатӣ эъдом шуд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Вазири нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Шимолӣ Хён Ён Чхол эҳтимолан ба иттиҳоми хиёнати давлатӣ ба он далел, ки дар вақти ҷаласа ғанаб карда дастурҳои раҳбар Ким Чен Инро иҷро накард, эъдом шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Рёнхап.

Эъдом 30 апрел бо истифода аз силоҳи мушакӣ дар омӯзишгоҳи низомии Пхенян иҷро шудааст, омадааст дар хабар.

Хён Ён Чхол ба вазифаи вазирӣ дар моҳи июни соли 2014 таъйин шуда буд. Қаблан вай симмати фармондеҳи Ситоди кулли Куриёи Шимолиро иҷро мекард.

Нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Шимолиро Комитети давлатии дифоъ раҳбарӣ мекунад, ки раёсати онро сарфармондеҳ Ким Чен Ин бар ӯҳда дорад. Вазорати нерӯҳои мардумии мусаллаҳ дар итоати ин ниҳод қарор дорад.

Ба иттилоъи хадамоти иктишофии Куриёи Ҷанубӣ дар соли ҷорӣ дар Куриёи Шимолӣ 15 мақоми баландпоя эъдом шудаанд. Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли 2013 барои талоши барканории қудрати Ким Чен Им, амаки вай Чан Сон Тхэк кушта шуд, ки солҳои тӯлонӣ раҳбарии "шӯрои регентӣ" дар назди раҳбари ҷавонро бар зимма дошту нафари дуввум дар мақомоти кишвар дониста мешуд.

Мавзуъ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши об озими Куриё шуд
Барчаспҳо:
эъдоми мақоми баландпоя, вазорати дифоъи Куриёи Шимолӣ, Чан Сон Тхэк, Хён Ён Чхол, Ким Чен Ин, Куриёи Шимолӣ

Мавзӯъҳои асосӣ