Денис Лямин фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбии 201-уми ФР дар Душанбе шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГузашти ҳарбӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Душанбе
Гузашти ҳарбӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фармонеҳи бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷии Русия, танкист, аълочии Академияи қӯшунҳои умумии Неруҳои мусаллаҳ таъин гардида, имрӯз дар ҳузури афсарону сарбозон муаррифӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Полковник Денис Лямин, фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон таъин шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Фармондеҳи нерӯҳои Округи ҳарбии марказии Русия генерал-майор Владимир Заруднитский фармондеҳи навро дар назди ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ муаррифӣ кардааст. Ин кас полковник Денис Лямин мебошад",- омадааст дар иттилоъияи Округи марказии ҳарбии Русия.

Базаи 201-и Русия дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди сарбозони пойгоҳи 201 ба 9000 нафар хоҳад расид

Тавре ОИ Авеста менависад, Лямин соли 1979 дар Слутск (ҶШС Беларус) дар хонаводаи низомӣ ба дунё омадааст. Соли 2007 Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Челябинскро бо нишони тилло хатм карда, мадраки аълои Академияи қӯшунҳои умумии Неруҳои мусаллаҳи Русияро низ соҳиб шудааст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

Қаблан, Евгений Тубол фармондеҳи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон буд, ки муовини фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ дар Самара таъин шуд.

Пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷа буда, ҷузъу томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақаранд. Тибқи созишномаи дар моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, ин пойгоҳ то соли 2042 вазоифи худро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад.   

Лентаи хабарҳо
0