09:04 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Дар шимоли Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи мудири бозори ноҳия ва кормандонаш барои қатли навҷавоне, ки ба дуздӣ муттаҳам шуда буд, анҷом ёфт.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Мудири бозори "Назари нек" ва ду кормандаш, ки дар қатли Зиёдбек Ҷӯраев муттаҳам буданд, аз 16 то ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуданд, менависад Радиои Озодӣ.

Ин ҳукм имрӯз дар додгоҳи вилояти Суғд эълом шуд.

Рустам Ҷӯраев, мудири бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қатли Зиёдбеки 17 сола, шогирди ятимхонаи шаҳри Чкаловск ба 17,5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Рустам Ҷӯраев ҳамзамон дар дузанӣ низ муттаҳам мешавад.

Қаблан додситонӣ барои Ҷӯраев бист соли зиндонро тақозо карда буд.

Аҳлиддин Файзиев — мудири амният ва Бобурҷон Юсуфов, посбони бозор тибқи моддаҳои 104, қисми 2, "қатл" ва 112 — "расонидани зарари ҷисмонӣ" ба 16 солу 3 моҳи зиндон маҳкум шуданд.

Абдунабӣ Тоҷиев, мудири ошхона ба далели даст надоштанаш дар ин ҷиноят аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Ёдовар мешавем, ки 15 январ ду нафар ноболиғони шогирдони ятимхона, бо шикастани қулф вориди маркази тиҷоратии "Сабрина", воқеъ дар бозори "Назари нек" мешаванд. Онҳо аз ҳазинаи мағоза 386 сомонӣ мегиранд, вале зуд ошкор ва латукӯб мешаванд. Яке аз онҳо — Заёдбек дар пайи латукӯб дар маҳалли ҳодиса ҷони худро аз даст медиҳад.

Мавзуъ

Иттиҳоми нав алайҳи раиси бозори "Назари нек"
Директори бозори "Назари нек" шояд барои 20 сол зиндонӣ шавад
“Одамкушӣ” – иттиҳоми нав алайҳи раҳбари бозори “Назари нек”
Барчаспҳо:
эъломи ҳукми муттаҳамони қатли ятим, бозори "Назари нек", Абдунабӣ Тоҷиев, Бобурҷон Юсуфов, Аҳлиддин Файзиев, Рустам Ҷӯраев, Зиёдбек Ҷӯраев, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ