17:27 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ки 20 май дар парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, туфангчаву револверҳои ҳарбӣ аз дасти мардум ҷамъоварӣ ва маблағи он пардохт мешавад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз 319 туфагча, револверҳои ҳарбӣ ва тирҳои ҷарроҳатрасон дар дасти мардум вуҷуд дорад, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Ба иттилои вазир, тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ҳамаи ин силоҳ ҷамъоварӣ шуда, маблағи он аз суратҳисоби вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба соҳибонашон пардохта мешавад.

Ин матлабро вазири умури дохилӣ рӯзи 20 май зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ" дар парлумони Тоҷикистон баён кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба тарҳи қонуни мазкур аз гардиш гирифтани таппончаҳо ва револверҳои ҳарбӣ ва пневматикиро, ки дар дасти мардум ҳастанд, заминаи қонунӣ бахшид ва вазорати корҳои дохилиро муваззаф кард, ки дар сурати доваталабона баргардондани тапонча ва ё револвер, арзиши онро ҷуброн кунад.

Ба гуфтаи Раҳимзода, ин иқдом ба хотири оромию амнияти шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз ҷурму ҷиноят дар ҷомеа, гирифта шудааст. Мувофиқи ин тағйирот, на танҳо таппончаҳо ва револверҳои низомӣ, ҳамчунин таппончаҳои бемили зарбааш маҳдуд бо патронҳои ҷароҳатрасон, яъне пневматикӣ ҷамъоварӣ мешаванд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз ҳам дар дасти мардум туфангча вуҷуд дорад ва бархе ҳодисаҳои ҷиноие, ки ба қайд гирифта шудаанд, аз ин навъи силоҳ истифода шудааст.

Қонун дар бораи силоҳ дар моҳи марти соли 2013 қабул шуд, аммо соли 2014 ба ин қонун тағйирот ворид гардид, ки он гардиш ва истифодаи ин навъи силоҳро манъ мекард. Аммо бо таваҷуҳ ба он, ки то ворид шудани ин тағйиру иловаҳо сокинон иҷозатномаи истифодаи ин аслиҳаро аллакай доштанд, ҳоло ин қонун онҳоро барои бозпас гардонидан он муваззаф кард.

Мавзуъ

Кашфи махфигоҳи силоҳ дар манзили роҳбари тундравони Истаравшан
Барчаспҳо:
тағйирот, пардохт, амният, ҷамъоварӣ, тасвиб, "Қонун дар бораи силоҳ", вазорати умури дохила, парлумон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ