15:53 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Авзоъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

КДАМ: дар Сурия ва Ироқ -344, дар Афғонистон-30 тоҷикистонӣ меҷанганд

© Sputnik / Мохаммад Алаеддин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Сардори Раёсати амнияти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи ҷангиён аз Тоҷикистон дар Афғонистон ва Ироқу Сурияро беш аз 400 нафар гуфтааст.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сардори идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нусратулло Мирзоев,  рӯзи 21 май дар як ҳамоиш  дар шаҳри Хоруғ иброз дошт, ки танҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон 30 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳафтаномаи "Импулс".

Ҷаноби Мирзоев дар анҷумани илмию амалӣ дар мавзӯи "Таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ ба амнияти ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он" ҳамчунин гуфт, то имрӯз шахсияти 344 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, муайян карда шудааст.

"Ҷамъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна ба  377 нафар баробар аст",-афзуд ӯ.

Ба қавли Мирзоев, то имрӯз хабари ҳалокати 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст. "Дар вақташ маҳз ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ беш аз 4100 муҳассили тоҷикро аз мадрасаҳои хориҷӣ баргардонданд",- илова кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба ҳарфҳои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, тибқи умури фаврӣ — ҷустуҷӯӣ, 386 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ҷангҳои Сурияву Ироқ,  Афғонистон ва Покистон меҷанганд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд.  

Мавзуъ

Додгоҳ сокини Шаҳритусро, ки аз ҷиҳоди Сурия худдорӣ кард, озод сохт
Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд
ВАО: Воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия кушта шудааст
Ҳукумати Бохтар: дар Сурия се сокини ноҳия кушта шуданд
Муҳоҷирони тоҷик Русияро тарк карда ба Сурия “меафтанд”
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд
Барчаспҳо:
ҳалокати шаҳрвандони мо, тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ҷангҳои Сурия, Импулс, раёсати амнияти Бадахшон, КДАМ, Рамазон Раҳимзода, Нусратулло Мирзоев, Бадахшони Кӯҳӣ, Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ, Сураба

Мавзӯъҳои асосӣ