20:16 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо зиёиёни Тоҷикистон. 19 марти соли 2015

Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Ба назари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти маводи мухаддир бо фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ тавъам мебошад ва ҳеч кишваре дар танҳогӣ қодир нест сари роҳ он шавад.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мушкилоти маводи мухаддирро бо фаъолияти гурӯҳҳои терористӣ тавъам донистааст ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дар ростои мубориза алайҳи ин ду падидаи номатлуб муттаҳид шаванд, менависад сомонаи CA-News.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин матлабро дар паёме ба ширкатдорони ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар мавриди ҷилавгирӣ аз хатарҳои маводи мухаддир, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард, баён кардааст.

Дар ин паём, ки Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳузури ширкатдорони ҳамоиш қироат кард, гуфта шудааст, ки "ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ имкони мубориза алайҳи таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддирро надорад ва ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, то иқдомоти худро дар муқобила бо қочоқи маводи мухаддир тавсеа бубахшанд."

Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мушкилоти маводи мухаддир пайвастагии зич ба фаъолияти гурӯҳҳои терористие, ки дар ҳоли ҳозир ба таври густарда ҳатто ҷавонони тоҷикро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, дорад.

Ин суханони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки рӯзи гузашта раиси Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия гуфт, манбаи аслии таъминоти молии гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир аст. 

Нишасти байналмилалии сатҳи баланд дар маврид муқобала бо хатароти маводи мухаддир ба ибтикори Тоҷикистон ва бо ширкати раҳбарону намояндагони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ҳамоҳангсозии иқдомот ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи хатароти маводи мухаддир дар меҳвари ин нишаст қарор дорад.

Мавзуъ

Миср ва Анҷумани кишварҳои арабӣ дар ҳамоиши Душанбе ширкат мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон бо амниятиҳои ИДМ сӯҳбат дошт
Барчаспҳо:
тундгаройӣ, терроризм, нашъа, даъвати Раҳмон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ, президенти Тоҷикистон, Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ