03:39 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Намояндагони ҳаракати Салафия дар Тунис. Акс аз бойгонӣ

“Озодӣ”: КДАМ Салафияро хатарнок унвон кард

AP Photo/Amine Landoulsi
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни Салафияро хатаре ба суботу амнияти кишвар хонд. КДАМ мегӯяд, ки ҳоло бархе аз пайравони ин равия дар манотиқи мухталифи кишвар ба сар мебаранд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Амирбек Бекназаров, намояндаи КДАМ зимни изҳори нигаронӣ аз фаъолияти равияи Салафия дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон гуфт, густариши фаъолияти ин гурӯҳ ба амнияти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хатар дорад, менависад "Радиои Озодӣ".

Бекназаров дар ҳамоиши "Ифротгароии салафӣ, масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ", ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 27 май барпо шуд, ин ҳарфҳоро изҳор доштааст.

Ба таъкиди ҷаноби Бекназаров, бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар раъси созмони "Давлати исломӣ" салафиҳо қарор доранд ва ҷавонон, аз ҷумла иддае аз ҷавонони тоҷикро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, бояд иқдомоти бештаре алайҳи ин гуна гурӯҳҳо андешида шавад.

"Ҳоло бо он ки фаъолияти Салафия дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, аммо пайравони ин ҷараён дар ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаҳои Қазоқон, Сари Осиё, бозори Корвони шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Исфара, Роғун ва Ҳисор ба сар мебаранд", — гуфтааст Бекназаров.

Вай ҳамчунин аз сарнавишти ҷавонони тоҷике, ки ба таври ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ таҳсил доранд, изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки тибқи оморҳо ҳоло 1379 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои исломии хориҷи кишвар таҳсил мекунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Бекназаров, аз инҳо 770 нафар дар Миср, 366 нафар дар Туркия, 46 нафар дар Покистон ва дигарон дар Эрон ва дигар кишварҳо таҳсил доранд. Ба таъкиди ҷаноби Бекназаров, таҳсили ғайрирасмии ин ҷавонон дар донишгоҳҳои исломии хориҷ эҳтимоли гаравидани онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, аз ҷумла салафиро ба вуҷуд хоҳад овард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ширкатдорони ин ҳамоиш, равияи Салафия ҳанӯз дар соли 1998 дар Тоҷикистон бар пояи таъсири нафароне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илмии динӣ гирифта буданд, ба вуҷуд омад.

Зимнан, фаъолияти равияи Салафия дар соли 2009 дар Тоҷикистон манъ шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2014 ин гурӯҳро ифротӣ эълон кард.

Барчаспҳо:
тундгароӣ, ҳаракат, мамнуъ, иштирок, қароргоҳ, ҷавонон, хатар, Додгоҳи олӣ, Салафия, КДАМ, Амирбек Бекназаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ