16:30 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, 31 май эълон кард, ки дар шароити начандон соддаи кунунӣ пойгоҳи 201-и ин кишвар кафили воқеии субот ва амнияти Тоҷикистон аст.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, пойгоҳи 201-и кишварашро кафили воқеии амният ва субот дар Тоҷикистон номид, менависад CA-News.

Вай афзудааст, сарбозону афсарони рус дар Тоҷикистон аз манофеи Маскаву Душанбе ва дигар аъзои ОДКБ ҳимоят мекунанд.

Фролов ин ҳарфҳоро рӯзи 31 май, дар ҷашни 72-солагии таъсиси пойгоҳи 201, баён дошт.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъият дар минтақа чандон содда нест ва ин шароит масъулияти нерӯҳои пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад.

"Дар шимоли Афғонистон узви гурӯҳҳои террористӣ сар боло мекунанд ва ҳамлаҳо идома дорад. Ин имкон вуҷуд дорад, ки онҳо талоши ба ин тарафи марз гузаштанро кунанд. Ин вазъяит масъулияти пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро боло хоҳад бурд", — таъкид доштааст Фролов.

Сафири Русия бо ишора ба ин ки ду ҳафтаи пеш тамрини якҷояи нерӯҳои Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт, гуфт, "дӯсту душман ҳам алакай огоҳ шуданд, пойгоҳи 201 ба чӣ кор қодир аст".

Вай ​изҳор дошт, ки сарбозону афсарони рус якҷоя бо ҳамтоёни тоҷики худ имкони рафъи ҳамагуна ҳамлаҳоро доранд.

"Бисёр хушоянд аст, ки ду ҳафта пештар низомиёни пойгоҳи 201 дар тамрини муштарак бо ҳарбиёни тоҷик буданд. Ин, воқеан, нишон дод, ки мо дар якҷоягӣ метавонем ҳамагуна ҳамлаҳоро пас гардонем", — афзудааст вай.

Ҳафтаи гузашта дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини Русия бо номҳои "Гранат" ва "Застава" низ бори аввал дар кӯҳистонҳои Помири Тоҷикистон аз санҷиш гузаштанд. Ин бесарнишинҳо дар баландии 3,5 километр аз сатҳи баҳр дар шароити 50 дараҷаи болои сифр ё гармӣ "кор" кардаанд.

Воҳидҳои низомии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дар ин санҷишҳо ширкат доштанд ва онҳо аз Қурғонтеппа то ноҳияи Дарвоз 300 километр раҳпаймоӣ кардаанд ва ин дастгоҳҳои бесарнишинро санҷидаанд. Ҳамзамон роҳҳои ҳамкории воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия бо кӯмаки ин бесарнишинҳо ҳамоҳанг карда шуд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012 бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, то чанд муддати дигар теъдоди сарбозону афсарони худ дар ин пойгоҳро то ба 9 ҳазор нафар хоҳанд расонд.

Барчаспҳо:
амният, субот, рафъи хатар, машқҳо, аскарон, афсарон, нерӯ, муқовимат, таҷлил, 72-солагӣ, пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, Игор Лякин-Фролов, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ