03:50 13 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Иттилоъ дар бораи фармондеҳи фирории ОМОНи Тоҷикистон, ки дар сомонаи пулиси байналмиллалии ҷиноӣ мабнӣ бар пайгарди қонунӣ қарор гирифтанаш ба далоили номаълум ҳазв шудааст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Исми фармондеҳи ОМОНи ВКД ҶТ Гулмурод Ҳалимов, ки ба созмони террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст, аз феҳрасти Созмони пулиси байналмиллалии ҷиноӣ (ИНТЕРПОЛ) ҳазв шудааст.

Хабари мавриди пайгард қарор додани ӯ бо дархости ниҳодҳои додгоҳии Тоҷикистон дар сомонаи Интерпол дар авохири моҳи май пайдо шуда буд. Дар ин хабар вай ба унвони узви созмони террористӣ муъаррифӣ шуда буд.

Вале феълан исми Гулмурод Ҳалимов аз сомонаи пулиси байналмиллалӣ комилан ҳазв шудааст.

Дар бораи нопадид шудани Ҳалимов дар қаламрави Тоҷикистон расонаҳо ҳанӯз 1 май хабар дода буданд ва ба зудӣ дар дар бахшҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо сарҳанг дар бораи худ хабар дод, вале алаккай ба унвони узви гурӯҳи "Давлати исломӣ".

Баъд аз ин амр дар Тоҷикистон ситоди вижае бо ҷалби коршиносони ВКД, Додситонии кулл ва КДАМ ҶТ таъсис шуд. Расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба намояндаи Додситонии кулл Манучеҳр Маҳмудзода хабар доданд, таҳқиқи ин ҳодиса на танҳо ба навори видеоие марбут мешавад, ки 27 май муъаррифӣ шуд, балки куллияи ахбори дигари марбут ба пайвастани Ҳалимов ба созмони террористиро фаро хоҳад гирифт.

Имя Гулмурода Халимова снято с разыскиваемых лиц Интерпола. Скриншот с сайта www.interpol.int
Имя Гулмурода Халимова снято с разыскиваемых лиц Интерпола. Скриншот с сайта www.interpol.int

Мавзуъ

Интерпол фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистонро мавриди пайгард қарор дод
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст
Шарҳи мақомот дар бораи "гумшавӣ"-и фармондеҳи “ОМОН”
ВАО: эҳтимоли боздошти фармондеҳи “ОМОН”
Барчаспҳо:
ҳазви исми Гулмуродов аз феҳрасти Интерпол, Созмони пулиси байналмиллалии ҷиноӣ, Манучеҳр Маҳмудзода, Гулмурод Ҳалимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ