КДАМ: танҳо ба 1-2 нафари пушаймононшудагони “ДИ”метавонем кӯмак кунем

© AP Photo/Raqqa Media Office, FileҶангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари КДАМ дар минтақаи Кӯлоб, атбоъи тоҷике, ки ба қаламрави таҳти назорати “ДИ” дар Сурия ва Ироқ мераванд, гузарномаҳои худро месӯзонанд ва ин амр барои бозгашти онҳо ба ватан мушкил эҷод мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Теъдоди атбоъи тоҷик, ки мехоҳанд аз Сурия, ки дар он ҷо дар суфуфи "Давлати исломӣ" қарор доштанд, афзоиш меёбад, изҳор дошт раҳбари Раёсати Комитети давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб Шомиддин Шарифов, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин матлабро вай рӯзи сешанбе дар як ҳамоише дар Кӯлоб матраҳ кард.

"Теъдоди нафарони муроҷиъаткунанда ба мақомот барои кӯмак афзоиш меёбад. Онҳо хоҳиш доранд, ки эшонро аз "Давлати исломӣ" берун оваранд. Вале мо шароити берун овардани куллияи ин афродро надорем. Танҳо як ё ду нафар аз садҳо нафарро метавонем берун оварем", — гуфт Шарифов.

Ба гуфтаи вай, адами ҳуҷҷатҳо дар атбоъи тоҷик дар қаламрави Ироқ ва Сурия ва назорати шадид аз сӯйи ҷангҷӯёни ДИ дар ин амр мушкил эҷод мекунанд.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷанги Сурия атбоъи ҷалбшудаи Тоҷикистон баргаштанд

"Вақте онҳо вориди ин минтақа мешаванд, куллияи ҳуҷҷатҳои онҳо маҳв мешаванд. Ва агар аз талоши онҳо барои берун рафтан аз ин минтақа огаҳӣ ёбанд, сари онҳоро аз тан ҷудо мекунанд. Баргардонидани онҳо душвор аст, мардум қабл аз пайвастан ба чунин созмонҳо бояд андеша кунанд", — гуфт вай.

Тибқи иттилоъи ахир, ҳудуди 350 атбоъи тоҷик дар суфуфи исломгароҳо дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.

Мақомот эълом карданд, ки пушаймоншудагон ва хоҳишмандони бозгашт ба ватан агар ҷинояти сангине содир накарда бошанд, муҷозот намешаванд.

Лентаи хабарҳо
0