07:26 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Гуруҳи силоҳбадастон аз назди манзилҳо оташгирифта дар вилояти Қундуз убур мекунанд. Моҳи майи 2015

Расонаҳо: ҳудуди 5 ҳазор ҷангӣ ба марзи ҶТ наздик шудаанд

© AP / Rahmat Gul
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ба қавли як манбаъ аз КДАМ-и Тоҷикистон, қариб 5 ҳазор ҷангиён дар қисмати шимолии Афғонистон- Бадахшон ва Қундуз ҷамъ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир қариб 5 ҳазор ҷангиёни афғон ба марзи Тоҷикистон наздик шудаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабари расонаҳо, ки аз афсари КДАМ нақли қавл кардаанд.

Ҷангиёни афғон, ки шуморашон 4-5 ҳазорро ташкил медиҳад, дар вулусвулиҳои Бадахшон ва Қундузи Афғонистон ҷамъ шудаанд, иброз доштааст манбаъ аз КДАМ, ки аз ифшои номаш худдорӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо зиёиёни Тоҷикистон. 19 марти соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Аммо таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, сардабири маҷаллаи "Мушкилоти стратегияи миллӣ" ("Проблема натсионалной стратегии") Аждар Куртов мегӯяд, хатари воридшавии ҷангиён дар айни замон истисно аст.

"Хатари ҳамлаи ҷангиён ва ғасби қаламрави Тоҷикистон бо мақсади сарнагун кардани низоми ҳукумати феълӣ аслан вуҷуд надорад. Дурусттараш, хеле заиф аст",- гуфт Куртов аснои сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Ба қавли ӯ, пас аз хориҷ шудани неруҳои ISAF (неруҳои байналмиллалии низомӣ) мухолифат миёни гурӯҳҳои ҷангӣ дар дохили Афғонистон ташаннуҷ меёбад.

Мавзуъ

Вазири тоҷик: Тоҷикистон нигарони ҷангҳои Афғонистон аст
Дар шимолу шарқи Афғонистон дастикам 30 толиб кушта шуданд
Беш аз 140 тан мухолифини давлати Афғонистон дар Кундуз кушта шуданд
Барчаспҳо:
ҷанг, ҷангиён дар қарибии сарҳад, марзи Тоҷикистону Афғонистон, ISAF, маҷаллаи "Мушкилоти стратегияи миллӣ", КДАМ, Аждар Куртов, Бадахшони Афғонистон, Қундуз, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ