ВАО: додарарӯси раиси парлумони Афғонистон дар марзи ҶТ кушта шуд

© AP / Burt HermanДар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилоъи манобеъи Афғонистон, фарде, ки зимни убури ғайриқонунӣ аз марзи Тоҷикистон ба ҳадафи қочоқи маводди мухаддир кушта шудааст, афсари пулиси Афғонистон мебошад.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар даргирии миёни марзбонони тоҷик бо қочоқчиёни афғон, ки шаби 5 июн рух дод, афсари пулис, ки додарарӯси раиси порлумони Афғонистон аст, кушта шудааст, менависад Авеста бо истинод ба хабаргузории Pajhwok.

Замони вуқӯъи ин ҳодиса хабар дода нашудааст, вале ин гузориш имрӯз мунташир шудааст.

Марде, ки зимни убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо ҳадафи қочоқи маводди мухаддир кушта шудааст, афсари пулиси Афғонистон будааст.

Афғонистон нобудсозии бозори нашъаро пешниҳод менамояд

Ин хабарро ба Pajhwok сухангӯйи вазорати умури дохилаи Афғонистон Сидиқ Сидиқӣ таъйид карда, вале ҷузъиёти ин ҳодисаро эълом накардааст.

Ин нукта, ки афсари кушташуда аз наздикони раиси порлумони Афғонистон мебошад, ба хабаргузории афғонистонӣ як манбаъи исмаш эъломношуда таъйид кардааст.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки дар назди ҷасади афсари пулис дар он ҳодиса 25 килограмм маводди мухаддир ва силоҳ ошкор шуда ва онҳо ба ниҳодҳои амниятии Афғонистон ироъа шудаанд.

Қаблан Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон низ дар бораи даргирии мусаллаҳона дар постгоҳи Панҷ дар шаби 5 июн хабар дода буд. Гузориш шуда буд, ки дар пайи ин ҳодиса яке аз муҷримин — марди 40-45 сола кушта шуда дар назди ҷасадаш 25 килограмм ҳашиш ва як автомати Калашников бо се тирдонаш пайдо шудааст.

Лентаи хабарҳо
0