12:48 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Телефонҳои мобилӣ. Акс аз бойгонӣ

Барои наваскарони Тоҷикистон замимаи мобилӣ таҳия шудааст

© Sputnik / Павел Лисицын
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Замимаи ҷадиди мобилӣ имкон медиҳад, ки даъватшудагон ба суфуфи артиш ва наваскарон аз ҳуқуқҳои худ огаҳӣ ёбанду дар сурати зарурӣ бо коршиносони созмонҳои дифоъи ҳуқуқи инсон тавассути “хати сурх” тамос бигиранд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Фаъолони дифоъи ҳуқуқи инсони Тоҷикистон барои даъватшудагон ба суфуфи артиш ва наваскарон замимаи мобилӣ таҳия кардаанд, хабар додааст созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар сафҳаи худ дар Facebook.

Замима бар пояи барномаи Android аз сӯйи кормандони созмони ҷамъиятие таҳия шудааст, ки коршиносони арсаи ҳимояи ҳуқуқи ин гурӯҳи ҷамъият дониста мешаванд, омадааст дар хабар.

Дар ин замима, ки "Даъватшуда" ном дорад, чаҳор китоб ҷой дода шудааст. Инҳо "Китоби кисагии даъватшуда" ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, "Китоби сарбоз" ба забони тоҷикӣ ва санади қавоиди сабти номи низомиён мебошанд.

Замимаи мобилӣ ҳамчунин имкони машваратҳои ройгони коршиносони созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башари ҷумҳуриро дар ихтиёр дошта шумораи тамос бо онҳо тавассути "хати сурх"-ро низ ба ҳамроҳ аст.

Страница ОО Офис гражданских свобод в Facebook
Саҳифаи ҶМ "Идораи озодиҳои инсон" (Офис гражданских свобод)дар шабакаи иҷтимоии Facebook

Мавзуъ

Президент ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват кард
Ҳуқуқдонҳо: ислоҳи қонуни даъват ба артиш "облава"-ро қонунӣ мекунад
Раҳмон: артиш бояд барои дифоъи манофеъи миллӣ омода бошад
Барчаспҳо:
таҳияи замимаи мобилӣ барои наваскарон, "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ